Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниқоб дар ҷайб. Тоҷикистон иддао дорад, ки ба коронавирус "пирӯз шудааст", вале шубҳаҳо боқист. ВИДЕО


Дар Душанбе бе ниқоби тиббӣ мегарданд? LOOP

Аз оғози соли 2021 дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, 9 ҳолати сирояти бемории коронавируси нав ба сокинон ошкор шудааст.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ иддао карданд, ки дар шифохонаҳо ягон шахси мубталои COVID-19 нест, ҳарчанд тақрибан 200 нафар дар хона зери назорати пизишкон ҳастанд. Иддае аз ин хабар хушҳоланд ва аз гуиё пирӯзии Тоҷикистон ба бемории ҳамагир суҳбат мекунанд, аммо баъзе аз сокинону мутахассисон дар эътирофи ин мавзуъ эҳтиёткоранд ва ба омори расмӣ бо шубҳа менигаранд.

Сокинон фориғбол шудаанд?

Чин пешниҳод дошт, ки Тоҷикистон ба давраи дувум ва севуми озмоишҳои клиникӣ шомил карда шавад, аммо бо дарназардошти паҳлӯҳои этикӣ ва бехатарӣ ин пешниҳодро рад кардем.
Наврӯз Ҷаъфаров

Бо ин вуҷуд, хабарҳои охир дар бораи гуиё пирӯзии Тоҷикистон ба бемории ҳамагир, ки аз миёни кишварҳои ҳамсояаш дертар мавҷудияти онро эътироф кард, гуруҳе аз сокинонро фориғбол кардааст. Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе бо рӯйҳои боз мегарданд ва ниқобҳои тиббиро аксаран дар ҷайб ё кисаҳои худ нигоҳ медоранд.

Ниқоби тиббиро бештар барои ворид шудан ба идораҳои давлатӣ, фурӯшгоҳ ва мусофирбарҳо истифода мекунанд. Дар чунин ҷойҳо фақат ҳангоми дохил шудан посбон аз сокинон ниқоб талаб мекунад ва он ҳам на ҳамеша.

Масъулони Вазорати тандурустӣ, агарчи таъкид мекунанд, расман дар беморхонаҳо ягон гирифтори коронавирус нест ва аз пирӯзӣ ба COVID-19 хабар медиҳанд, аз чунин муносибати сокинон бо ниқоб ва бепарвоии онҳо нороҳатӣ менамоянд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ гуфт, "рӯзи 2-юми январ чаҳор ҳолати мусбатро сабт кардем. Ду нафари онҳо шахсоне буданд, ки тавассути марз ба Тоҷикистон омадаанд. Ду каси дигар, нафароне ҳастанд, ки табобати амбулаторӣ мегирифтанд."

То миёнаҳои соли 2021

Дар вазорат изҳори умед мекунанд, ки то миёнаҳои соли 2021 мешавад пурра ба коронавируси нав ғолиб омад. Ваксинзании аҳолӣ ба зидди бемории СОVID-19 ҳам ба гуфтаи онҳо бояд ҳамон вақт оғоз шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло барои харидани ваксина чандон шитоб надорад. Онҳо анҷоми ҳамаи марҳилаҳои омӯзиширо интизоранд ва ваъда медиҳанд, ки тибқи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ваксинаи беҳтаринро интихоб ва ворид хоҳанд кард.

"То ворид кардани Тоҷикистон ба барномаи ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба истеҳсоли ваксина ё COVAX, Чин пешниҳод дошт, Тоҷикистон ҳам ба давраи дувум ва севуми озмоишҳои клиникӣ шомил карда шавад, вале бо дарназардошти паҳлӯҳои этикӣ ва бехатарӣ ин пешниҳодро рад кардем", -- мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров.

Оморе, ки сарчашмааш якест

Ба дурустии изҳороти мақомоти Тоҷикистон дар бораи бемории ҳамагир, блогери тоҷик Рустам Гулов чандон бовар надорад. Ӯ ёдовар мешавад, ки мақомот вуҷуди коронавирусро то замони омадани намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пинҳон карда, омори расмии гирифторони COVID-19 ҳам ба маротиб камтар аз теъдоди ғайрирасмии он нишон дода шуд.

Вале нигаронии Гулов ин аст, ки омори Вазорати тандурустӣ ягона сарчашмаи маълумот шудааст ва санҷидани дурустии он аз манобеи мустақил мушкил аст.

"Ҳамин як маълумот, ки сарчашмаи аслиаш Вазорати тандурустӣ аст, дар байни манбаъҳои гуногун давр мезанад. Санҷиши дурустии иттилое, ки мақомот расман пешниҳод мекунанд, хеле мушкил аст", -- афзуд Рустам Гулов.

Коронавируси нав, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, то кунун ба беш аз 13 ҳазор кас сироят карда, 90 нафарро куштааст. Тибқи омори ғайрирасмӣ гирифторон ва қурбониёни беморӣ бамаротиб бештар аст. Радиои Озодӣ дар феҳрасте то кунун номи беш аз 230 қурбонии бемории коронавирус ва илтиҳоби шушро гирд овардааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Тоҷикистон иддао дорад, ки бар коронавирус пирӯз шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

XS
SM
MD
LG