Ба назар мерасад, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба мансабдорони баландпояи Ҷорҷия "фишор овардааст", то бештар аз 11 ҳазор раъйи ба тарафдории ӯро "биёбанд" ва натиҷаи интихоботро дар иёлати ҷанубӣ тағйир диҳанд.
Дар ҳоле ки Ҷо Байден, президенти мунтахаб бояд рӯзи 20-уми январ савганд ёд карда, вориди Кохи Сафед шавад, Трамп дар ҳоли сахттар кардани талошҳо барои пешгирӣ аз интиқоли анъанавии қудрат аст.
Бар хилофи иддаои Доналд Трамп дар бораи вуҷуди тақаллуб ҳангоми шумориши раъйҳо мақомоти иёлатҳо исрор кардаанд, ки ҳеч санаде дар бораи тақаллуб ё мушкилоти дигар вуҷуд надорад, то натиҷа тағйир ёбад.
Беш аз 50 даъвои раиси ҷумҳур Трамп ва муттаҳидонаш, ки натиҷаи интихоботро ба баҳс кашидаанд, тақрибан рад шудаанд. Ду даъвои онҳо дар Додгоҳи олии Амрико низ бо шикаст дучор шуд.
Навори суҳбати телефонии Трамп бо котиби давлатии Ҷорҷия Брэд Раффенспергер ва шахсони расмии дигари иёлат рӯзи 3-юми январ дар "Вашингтон Пост" нашр шуд. Дар он суҳбатҳо Трамп мегӯяд, "танҳо мехоҳам, 11 ҳазору 780 овоз пайдо карда шавад. Зеро дар ин иёлат пирӯз шуда будем".
Трамп борҳо гуфта буд, дар илёати Ҷорҷия ва як қатор иёлатҳои дигари Амрико "тақаллубкории сартосарӣ" шудааст. "Бино бар ин, ҳеч кори баде нахоҳад шуд, агар бигӯед, ки натиҷаи ҳисоби варақаҳои интихоботӣ чиро нишон дода буд", -- афзудааст Трамп.
Президенти Амрико ҳамчунин аз мақомоти Ҷорҷия даъват кард, натиҷаҳои интихобот дар иёлат бозбинӣ ва ба ҷустуҷӯи овозҳои "гумшуда" онҳое ҷалб шаванд, ки ба ин қазия таваҷҷуҳ доранд. Натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар Ҷорҷия нишон дода буд, ки аз панҷ миллион овоз Ҷо Байден бо ихтилофи андак (11 ҳазору 779 овоз) аз раиси ҷумҳур Доналд Трамп пеш аст.
"Ҷаноби президент, мушкил он аст, ки Шумо иттилои нодуруст доред", -- гуфтааст Раффенспергер дар суҳбати телефонӣ ба Трамп.
Намояндагони Кохи Сафед аз ибрози назар худдорӣ карданд. Дафтари Раффенспергер низ ба дархостҳо дар ин бора посух надодааст.
Ду моҳи охир бахти вакилони Трамп нахандид. Онҳо бо ҳадафи бекор кардани бохти ӯ дар интихоботи 3-юми ноябри соли гузашта ба мансбадорони Мичиган, Аризона, Пенсилвания ва иёлатҳои дигар фишор оварда, вориди баҳс шудаанд. Боб Бауэр, мушовири аршади Байден мегӯяд, сабти охир баёнгари "ҳамлаи нангини Доналд Трамп ба демократияи амрикоӣ аст".
Ҳатто агар Трамп 16 раъйи ҳайати интихоботии Ҷорҷияро ба даст меовард, боз ҳам Кохи Сафедро аз даст медод. Ҷо Байден, муовини собиқи президенти Амрико, дар интихоботи охир бо 306 раъйи ҳайати интихоботӣ пирӯз шудааст, дар ҳоле ки Доналд Трамп 232 раъйи ҳайати интихоботиро соҳиб шуд.
Дар ҳамин ҳол, 11 сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико мехоҳанд, баранда шудани Ҷо Байденро дар интихоботи охири президентии Иёлоти Муттаҳида ба баҳс кашанд. Дар ин бора сенаторҳо дар сомонаи раиси иёлати Техас Тед Круз изҳороти якҷоя нашр карданд.
Оғози ҳафтаи гузашта танҳо Ҷош Ҳоулӣ, сенатори ҷумҳурихоҳ буд, ки гуфт, натиҷаҳои интихоботро ба баҳс мекашад. Сенаторҳои дигар бо вай ҳамовоз шуданд. Баъзе аз ҷумҳурихоҳон дар Конгресс, палатаи поёнии порлумони Амрико, низ фикр доранд натиҷаҳои интихоботро инкор кунанд.
Дар изҳороти якҷояи сенаторҳо омадааст, онҳо овоз хоҳанд дод, то ки натиҷаи интихобот дар иёлоте, ки ба бовари ҷонибдорони Доналд Трамп, президенти амалкунанда, фиреб шудааст, эътироф карда нашавад. Сенаторҳо гуфтаанд, ба ташкили комиссияи фаврие даъват мекунанд, ки ин фиребро тафтиш кунад.
Чак Шумер, раҳбари демократҳои Сенат дар Твиттер навишт, агар Тед Круз ва ҳамроҳонаш мехоҳанд, дар мавриди тақаллуб дар интихоботи 3-юми ноябр таҳқиқ кунанд, "бояд аз тамоси Трамп бо Раффенспергер шуруъ кунанд".