Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олими тоҷик аз "имтиҳон"-и Диссернет нагузаштааст


Пойгоҳи "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, устоди равоншиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Гулнора Мамадалиеваро ба "асардуздӣ" муттаҳам кардааст. Хулосаи "Диссернет" 18-уми декабри имсол нашр шуда, вале то ин дам вокуниши Мамадалиева дастрас нест.

Дар гузашта мақомоти соҳаи маорифи Тоҷикистон арзёбиҳои "Диссернет"-ро нодуруст ва ғазарнок гуфта буданд. Созмон ба дурустӣ ва мустақилии кораш таъкид дорад.

Гулнора Мамадалиева рисолаи номзадияшро моҳи июни 2011 дар мавзӯи "Усули психологӣ ва педагогии пешгирӣ ва ислоҳи изтироби наврасони муосир" дифоъ кардааст. Созмони "Диссернет" мегӯяд, Мамадалиева қисми зиёди рисоларо аз навиштаҳои Стелла Сидоркина "рӯйбардор" кардааст. Сидоркина номзадияшро соли 2010 ҳимоя кардааст.

Баъзе аз шӯроҳои илмӣ, аз ҷумла шӯрои дифои рисолаҳои Д 212.199.18 дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи А.И.Гертсена моҳи ноябри имсол маслиҳат додааст, ки унвони илмии Гулнора Мамадалиева бекор карда шавад.

Бино ба навиштаи сомонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Гулнора Мамадалиева 49-сола буда, аз рӯйи ихтисос омӯзгори таълими меҳнат аст. Аз соли 2013 ҳамчун дотсенти кафедраи "Психологияи умумӣ"-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор мекунад.

Пойгоҳи интернетии "Диссернет" аз соли 2018 ба ин тараф рисолаҳои олимони тоҷикро аз ғалбер гузаронда, навиштаҳои чанде аз онҳоро "плагиат” номидааст. Дар байни онҳо номи мансабдорони баландпояи тоҷик Давлаталӣ Саид - муовини нахуствазир ва ёвари президент оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон низ ҳастанд.

Бисёре аз муаллифон дар баробари иттиҳоми асардуздӣ сукутро пеша карданд, вале теъдоде гуфтанд, дар ҳаққи онҳо бӯҳтон задаанд.

Президенти Тоҷикистон моҳи марти имсол, ​дар мулоқоти солонааш бо зиёиён, аз асардуздии олимони тоҷик ва ифшо шудани 40 мавриди он тавассути пойгоҳи "Диссернет" танқид кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз ин ба баъд ҳар мансбадоре, ки майли навиштану дифои рисолаи илмиро дорад, бояд аввал аризаи истеъфояшро нависад ва сипас ба илм машғул шавад.

"Диссернет" як пойгоҳи ҷамъиятӣ аст, ки ба ошкор кардани асардуздӣ ва корҳои илмии тақаллубӣ машғул мебошад. Ин пойгоҳ натанҳо рисолаҳои олимони тоҷик, балки даҳҳо корҳои илмии шахсони шинохтаи кишварҳои дигари пасошӯравиро ошкор кардааст.

XS
SM
MD
LG