Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Тоҷикистон беш аз 800 000 тонна сӯзишвориро бе боҷи гумрукӣ медиҳад


Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе
Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта эълон кард, ки Русия соли 2021 ба кишвар 830 ҳазор тонна сӯзишвориро бе боҷи гумрукӣ интиқол хоҳад дод.

Бино ба маълумоти вазорат, Тоҷикистон дар баробари дигар маводи нафтӣ, 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ мегирад.

Русия ва Тоҷикистон соли 2013 барои интиқоли маҳсулоти нафтӣ созишномаи байниҳукуматиро имзо кардаанд. Қариб ҳар сол ба ин созишнома дар мавриди ҳаҷми маҳсулоти нафтии интиқолёбандаи Русия ба бозори Тоҷикистон тағйирот ворид карда мешавад.

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад.

Қарор буд, полоишгоҳи нафт дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба кор оғоз кардаву қисми асосии талаботи ҷумҳуриро ба маводи нафтӣ таъмин кунад. Сохтмони корхона ба поён расидааст, аммо маълум нест, кай бензини он вориди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Ин полоишгоҳ қодир аст, аз 300 то 500 ҳазор тонна нафтро дар як сол коркард кунад.

XS
SM
MD
LG