Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бачаҳо"-и Ҷумҳурии Исломӣ, ки ба зидди режими Эрон бархостаанд


Аҳмад Ризоӣ бо писараш Муҳсин Ризоӣ
Аҳмад Ризоӣ бо писараш Муҳсин Ризоӣ

Падари Рӯҳуллоҳ Зам, хабарнигоре, ки понздаҳ рӯз пеш дар Эрон эъдом ё қатл шуд, дар солҳои 80-ум раиси Оҷонси таблиғоти давлатӣ буд ва номи писарашро ба хотири раҳбари инқилоб ва бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ (Оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ) гузоштааст. Аммо Зам баъди он ки калон шуд, ба зидди низом бархост.

Фаъолияти оппозитсионӣ ва шабакаи "Омаднюс"-и ӯ бо беш аз як миллион корбар дар Телеграм бо маргаш анҷомид. Мақомоти Эрон Замро барои барангехтани хушунат дар гирдиҳамоиҳои моҳи декабри соли 2017 ва январи 2018 айбдор карданд.

Зам, ки ба ҷойи Рӯҳуллоҳ ба худ номи Ниморо интихоб карда буд, рӯзи 12-уми декабри имсол бо ҷурми "фасод дар замин" ба дор овехта шуд. Гуноҳе, ки асосан ба зидди мухолифон, ҷосусҳо ва онҳое, ки кӯшиши сарнагунии низоми Ҷумҳурии Исломиро доранд, истифода мешавад.

Рӯҳуллоҳ Зам
Рӯҳуллоҳ Зам

Рӯҳуллоҳ Зам 42-сола буд. Бино ба хабарҳо, ӯ соли 2019 дар як шароити мармуз аз Фаронса, ҷое, ки аз Ҷумҳурии Исломӣ паноҳ бурда буд, ба Ироқ рафт ва бовар меравад тавассути нирӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоб боздошт ва ба Эрон бурда шуд.

Зам аз ҷумлаи он "бачаҳо"-и Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки ошкоро ба зидди режими сохтаи падарони худ сар боло кардаанд. Падараш Муҳаммад Алӣ Зам натавонист аз ӯ ҳимоят кунад ва ё аз қатлаш пешгирӣ кунад. Ин рӯҳонӣ дар Инстаграм навишт, писараш ҳатто намедонист, ҳукми эъдоми ӯ иҷро мешавад. Онҳо ҳамагӣ як рӯз пеш аз эъдом вохӯрдаанд.

Муҳаммад Алӣ Зам
Муҳаммад Алӣ Зам

ҲУСЕЙН ХУМАЙНӢ

Яке аз "шӯришиён"-и шинохтаи дигар набераи калонии Хумайнӣ, Ҳусейн Хумайнӣ аст, ки пештар Ҷумҳурии Исломиро ба шиддат танқид мекард ва низоми сохтаи бобояшро саркӯбгар меномид. Вай дар суҳбат бо расонаҳо раҳбарони Эронро ба зулм ба мардум ва поймол кардани ҳуқуқи инсон айбдор кардааст.

Хумайнии хурдӣ соли 2003 ба Амрико рафт ва эълон кард, ки эрониҳо озодиву демократия мехоҳанд ва афзуд, "дарк кардаанд, ки бояд динро аз давлат ҷудо намуд". Ҳусейн Хумайнӣ соли 2005 бо оилааш ба Эрон баргашт ва бино ба баъзе маълумот дар шаҳри Қум муваққатан ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд, аммо ба ҷавобгарӣ кашида нашуд.

Расонаҳо дертар хабар доданд, ки баъд аз ҳимояти хешовандони қудратмандаш маҳдудиятҳои зидди ӯ бардошта шудаанд. Соли 2018 як профессори Донишгоҳи Теҳрон аксеро бо Ҳусейн Хумайнӣ нашр кард ва гуфт, "набераи асосгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қум ба таълиму таҳқиқ машғул аст".

АҲМАД РИЗОӢ

Писари калонии фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Муҳсин Ризоӣ низ яке аз мунтақидони низоми Ҷумҳурии Исломӣ буд. Аҳмад Ризоӣ соли 1988 ба Иёлоти Муттаҳида рафта, ҳукумати рӯҳониёнро ба "ҳамлаҳои террористӣ" айбдор кард.

Ӯ соли 2005 ба Эрон баргашт, аммо таҳти пайгарди қонунӣ қарор нагирифт. Пас аз шаш сол ҷасади ӯро дар яке аз меҳмонхонаҳои Дубай ёфтанд. Бино ба гузоришҳо, ӯ бар асари хӯрдани доруи аз ҳад зиёд фавтидааст.

ФОИЗА РАФСАНҶОНӢ

Духтари Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Исломӣ ва президенти пешини Эрон, низ ба як мунтақиди низом табдил шудааст. Фоиза Ҳошимии Рафсанҷонӣ ҳушдор додааст, низоме, ки падараш барои эҷоди он ёрӣ карда буд, суст шуда, мумкин аст, фурӯ пошад. Вай ҳамчунин гуфтааст, раҳбарони Эрон барои иҷрои дастурҳои худ аз Ислом “суистифода” мекунанд.

Фоиза Ҳошимии Рафсанҷонӣ
Фоиза Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Фоиза Ҳошимии Рафсанҷонӣ соли 2018 дар мусоҳибае гуфт, "тарсондан" муҳимтарин чизест, ки режими исломиро қувват медиҳад. Ӯ чанд дафъа боздошт шуда, соли 2012 бо ҷурми таблиғ ба зидди низом ба шаш моҳи зиндон маҳкум гардид. Духтари Рафсанҷонӣ соли 2016 ба мулоқот бо ҳамутоқии собиқаш ва раҳбари ҷомеаи баҳоиҳо рафт ва ҷанҷол барпо кард.

Рӯҳониёни қудратманд ин дидорро "хилофи меъёрҳо" донистанд. Падараш низ баҳоияро, ки бархоста аз Эрон аст, "фирқаи носолим" тавсиф намуд. Фоиза Ҳошимӣ дар мусоҳибае гуфт, ки аз ин дидор пушаймон нест.

ҲУСЕЙН ҶАННАТӢ

Ихтилофҳо дар миёни хонаводаҳо аз солҳои аввали инқилоб ва ҳангоме оғоз шуд, ки баъзе аз фарзандон ва наздикони мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ба гуруҳҳои монанд ба Созмони Муҷоҳидини Халқ пайвастанд, ки солҳои 80-ум ҳамлаҳои марговар анҷом дода, дар ҷанги Эрону Ироқ аз Бағдод пуштибонӣ кардааст.

Оятуллоҳ Аҳмад Ҷаннатӣ
Оятуллоҳ Аҳмад Ҷаннатӣ

Дар миёни онҳо Ҳусейн Ҷаннатӣ, яке аз фарзандони раиси Шӯрои қудратманди нигоҳбон Оятуллоҳ Аҳмади Ҷаннатӣ аст, ки ҳамзамон раиси Маҷлиси хибрагон низ ҳаст. Ин гуруҳ вазифаи назорат ба корҳои раҳбарии олии кишвар ва интихоботи ҷойнишини ӯро дорад.

Бино ба гузоришҳо, Ҳусенй Ҷаннатӣ соли 1981 ҳангоми даргирӣ бо нирӯҳои амниятӣ кушта шудааст. Бародараш, вазири пешини фарҳанг Алии Ҷаннатӣ, соли 2017 дар мусоҳибае гуфт, Оятуллоҳ Ҷаннатӣ ҳаргиз аз марги фарзандаш ибрози андӯҳ накардааст.

РАШИД ҲАСАНӢ

Яке дигар аз фарзандоне, ки аз роҳи падар "берун шуд", писари раҳбари намози ҷумъаи Орумия, Ғулом Ризо Ҳасанӣ, аст. Ҳасанӣ дар хотироти худ дар соли 2005 шарҳ дод, ки чӣ гуна барои боздошти писараш Рашид дар солҳои 1980 ба мақомот ёрӣ расонд.

Рашид пас аз чанд муддати боздошт эъдом шуд, вале Ҳасанӣ гуфт, нороҳат набуд, зеро эҳсос кард, ки масъулияти худро анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG