Шоҳин Саидзода, раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон, дар ҷаласаи порлумон ба суоли вакилон пурра посух надод ва мавзӯи бе омодагӣ ҳозир шудани баъзе аз мансабдоронро дар Маҷлиси Намояндагон доғ кард. Дар ҳоле ки бархе вакилон гуфтанд, Саидзода ба ҷавоб гуфтан омода набуд, худи ӯ иддао дорад, бо тайёрӣ омад, аммо "вазъи саломатияш хуб набуд".
Ӯ рӯзи 23-юми декабр дар ҳузури вакилони Маҷлиси Намояндагон се тарҳи қонунро муаррифӣ кард, ки ба тағийроти имлоӣ ва мушаххас кардани салоҳиятҳои ниҳоди зери раҳбарияш рабт дошт.
Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистӣ ва вакили порлумон аз ӯ пурсид, "ҳоло дар Тоҷикистон чӣ қадар мактабҳои ибтидоии касбӣ ҳастанд ва барномаи таълимии онҳо то куҷо ба талабот ҷавобгӯянд?"
Шоҳин Саидзода посух дод, ки дар умум дар Тоҷикистон чаҳор ҳазор муассисаи таълимиро сабт кардаанд, аммо ба бахши дувуми суол ҷавоб надод. Дар иваз таъкид кард, "сатҳу сифати таълим дар ҳисоботи солона пурра дарҷ карда мешавад ва ҳоло рақамҳо пурраву дақиқ нестанд."
Чунин посух зоҳиран баъзе аз вакилонро нороҳат кард, ки мавзӯи бе омодагӣ ҳозир шудани бархе аз мансабдоронро дар порлумон матраҳ карданд.
Аз ҷумла, Саидҷафъар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси намояндагон хитоб ба Шоҳин Саидзода гуфт, "ҳукумат ба Шумо бовар кардааст. Вазифаи беҳад калон доред, барои синну солатон беҳад калон аст. Ба дараҷаи даркорӣ тайёрӣ надида омадед. Фарқ надорад, ки бори аввал аст ё дувум, вазифадоред, ки хуб тайёрӣ дида оед."
Раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маориф баъд аз поёни ҷаласаи порлумон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо омодагӣ ба маҷлис омад, вале вазъи саломатияш чандон хуб нест. Вай афзуд, "эроде, ки гирифта шуд, дар ҳақиқат ҷой дорад, лекин вазъи саломатиям чандон хуб нест. Баъдан бисёр паст гап мезананд, суолро хуб нафаҳмидам."
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
Шоҳин Саидзодаи 36-сола, писари Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва вазири пешини маориф, моҳи марти имсол раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илм таъйин шуд. Пештар ин идора хадамоти назорат дар соҳаи маориф ном дошт ва зери итоати Вазорати маориф ва илм буд. Имсол онро ба Оҷонсӣ – идораи мустақил табдил доданд.
Саидзода хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро соҳиб шуд. Соли 2018 пойгоҳи "Диссернет" дар Русия ӯро ба асардуздӣ муттаҳам кард, вале соли 2019 намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, кори Шоҳин Саидзода бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст.
Нигаронӣ аз омода набудани баъзе аз мансабдорон ҳангоми пурсишу посух дар ҷаласаҳои порлумонӣ бори аввал набудааст. Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, "омода будани масъулон бисёр муҳим аст, зеро бар асоси посухи онҳо хулосабарорӣ мекунем."
Маҷлиси Намояндагон бар асоси қонунгузории кишвар як шохаи мустақили ҳокимият ба шумор меравад, аммо дар доираи коршиносон борҳо таъкид шудааст, ки порлумон чандон мустақил набуда, ҳамеша ба "даҳони ҳукумат" менигарад.
Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, порлумони Тоҷикистон мустақил нест ва бино бар ин муносибати намояндагони ҳокимияти иҷроия ба шохаи қонунгузор ҷиддӣ ба назар намерасад. “Аксар аъзои Маҷлиси Намояндагон аз ҳисоби Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҳастанд. Мансабдорон низ узви ин ҳизб ҳастанд ва бе ҳарос аз он ки дар ҷаласаҳои порлумонӣ дар ҳолати ногувор мемонанд, тарҳи қонунҳоро муаррифӣ мекунанд. Ҳарчанд баҳсҳои ҷиддӣ сурат намегирад, вале бояд бо омодагӣ биоянд", -- афзуд ӯ.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон иддаои пойбанд бдуанашонро ба ҳукумат беасос дониста, ҳамвора таъкид мекунанд, ки дар тасмимгириҳояшон ҳангоми қабули қонунҳо мустақиланд.
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дошта, рӯзҳои чаҳоршанбе ва гоҳе панҷшанбеи ҳар ҳафта, бо иштирок мансабдорон ҷаласаҳои худро баргузор мекунад. Аммо на ҳамеша шахсони аввали вазорату идораҳо дар он иштирок мекунанд, баъзан онҳо ба ҷойи худ муовинҳои худро мефиристанд.