Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се ноболиғ барои ғорати дорухонаҳо дар Суғд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Хуҷанд кормандони милитсия бо гумони ғорати дорухонаҳо 3 ноболиғро дастгир карданд. Мутаҳҳамон, ки ду нафарашон 17 ва яки дигар 15-сола мебошанд, аз ин пештар ҳам доғӣ судӣ доштаанд. Мақомоти интизомӣ як силсила дуздӣ дар дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар аввали ҳамин моҳ ба амал омадааст, кори дасти дастгиршудаҳо медонанд. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, гумонбарон қулфи дару тирезаро шикаста дасти кам пули нақди 7 дорухонаро азхуд карданд. Зарари расида аз ин дуздиҳо аз 400 то 1 700 сомонӣ ҳисоб шудааст. Наврасони дар дуздиҳо гумонбар ҳамчун "душвортарбия" дар қайди милитсия будаанд. Мақомот гуфтанд, ки писарбачаҳои 17-сола то боздошти охир чор маротиба ва шарики 15-солаи онҳо ду маротиба бо ҷурми дуздӣ маҳкум шудаанд.

Маълум нест, ки назари ин наврасон ба қазия чӣ аст ва то куҷо гуноҳи дуздиро эътироф мекунанд.

XS
SM
MD
LG