Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханони Зариф дар бораи ҳузури афғонҳо дар ҷанги Сурия, Кобулро нороҳат кард


Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон.

Суханони ахири Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар бораи ширкати шаҳрвандони афғони муқими Эрон дар ҷанги Сурия, вокунишҳои зиёдеро дар миёни гурӯҳҳои мухталиф дар Афғонистон ба миён овардааст. Вазири умури хориҷии Эрон шаби душанбе дар мусоҳиба бо телевизиони "Тулуъ" гуфтааст, "ин афрод довталабона рафтанд" ва Теҳрон "касеро ба Сурия" намефиристад.

Муҳаммадҷавод Зариф дар ин гуфтугӯ гуфтааст, ки Эрон ба ин гурӯҳ аз нерӯҳои афғон кӯмак кардааст, то бо ДОИШ, ки "душмани муштараки ҳама" аст, биҷанганд ва ин нерӯҳо "барои боварҳояшон" дар ҷанги Сурия ширкат карданд.

Нерӯҳои афғон дар ҷанги Сурия таҳти унвони "Лашкари Фотимиюн" (Фотимиҳо) дар ҷанг ҳузур доштан ва зери назари Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон ба Сурия фиристода шуданд. Амрико дар соли 2019 ин гурӯҳро бинобар ҳимоят аз "терроризм" дар феҳристи таҳримҳои худ қарор додааст.

Пеш аз ин Самад Ризоӣ, яке аз фармондеҳони "Фотимиюн" эълом карда буд, ки дар ҷанги Сурия дар умум 80 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Афғонистон зери чатри "Лашкари Фотимиюн" ба Сурия фиристода шуданд. Ҳамчунин чанд сол пеш, Заҳир Муҳоҷир, масъули фарҳангии "Лашкари Фотимиюн" эълом кард, ки беш аз ду ҳазор нафар аз аъзои ин гурӯҳ дар ҷанги Сурия кушта ва ҳашт ҳазор нафар аз он низ захмӣ шудаанд.

Нашри ин омор бо вокунишҳои ҳукумати Афғонистон рӯбарӯ шудааст ва сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфт, "набояд хуни фарзандони ин ватан барои ҳадафҳои бегонагон дар кишварҳои дигар рехта шавад".

Вазорати умури хориҷии Афғонистон ҳам ба ин изҳороти оқои Зариф вокуниш нишон дод. Гарон Ҳивод, сухангӯи ин вазорат дар паёме ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳузури шаҳрвандони Афғонистон дар сафҳои "Фотимиюн" хилофи манфиатҳои миллӣ, Қонуни Асосӣ ва сиёсати хориҷии Афғонистон аст.

Гурӯҳи Толибон дар вокуниш ба ин изҳороти оқои Зариф бо нашри эъломия онро "номуносиб" ва "мудохила" дар умури дохилии Афғонистон донистааст. Дар ин эъломия ба нақл аз сухангӯи ин гурӯҳ омадааст, "чунин изҳороти ғайримасъулона ва дур аз воқеият аз ҷониби масъулини эронӣ ба робитаҳои байни ду кишвари дуст ва ҳамсоя зиён мерасонад".

Муҳаммадҷавод Зариф дар гуфтугӯ бо телевизиони "Тулуъ" шумораи аъзои "Лашкари Фотимиюн"-ро панҷ ҳазор нафар гуфт ва афзуд, ки ду ҳазор нафари онҳо дар Сурия ҳузур доранд.

Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин дар ин мусоҳиба гуфтааст, агар ҳукумати Афғонистон хоҳиш дошта бошад, ин гурӯҳ "беҳтарин нерӯ" барои кумак ба давлат дар "мубориза бо ДОИШ" ҳастанд ва "таҳти фармондеҳии ҳукумати Афғонистон" қарор бигиранд.

Шуморе аз вебсайтҳои таҳлилӣ ба нақл аз таҳлилгарон навиштанд, ки ин пешниҳод метавонад боиси афзоиши хушунатҳои мазҳабӣ шавад ва мардуми Афғонистон моил нестанд, ин кишвар ба Сурия ва Ироқи дигар табдил шавад.

Ҳукумати Эрон аз ин намуна барои ворид кардани гурӯҳи ниманизомии "Ҳашд аш-шаъбӣ" дар сохтори сиёсӣ ва низомиву амниятии Ироқ истифода кардааст.

Гурӯҳи "Фотимиюн" чанд моҳ пеш аввалин "Ҳамоиши байналмилалӣ"-и худро дар шаҳри Машҳад баргузор кард. Дар ин ҳамоиш, ки аъзои ин гурӯҳ бо парчамҳои монанд ба парчами "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ҳозир шуданд, эълом шуд, ки ин гурӯҳ то "нобуд" кардани Исроил ва эҷоди "тамаддуни навини исломӣ" ба кори худ идома медиҳад.

Аз оғоз ҷанг дар Сурия то кунун гузоришҳои зиёде аз фиристодани иҷбории афғонҳои муқими Эрон ба Сурия нашр шудааст. Тибқи гузоришҳо, ба шаҳрвандони Афғонистон дар ивази иҷозаи иқомат дар Эрон ва ваъдаи кӯмаки молии 900 доллар дар моҳ, ба ҷангҳои Сурия фиристода мешаванд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар низ чанде пеш дар гузориш гуфт, кӯдакони афғон, ки гоҳе ҳатто 14-сола нестанд, дар "Лашкари Фотимиюн" ба кор гирифта мешаванд то дар паҳлуи нерӯҳои эронӣ дар Сурия биҷанганд. Қонунҳои байналмилалӣ фиристодани афроди камтар аз 15-соларо ба ҷабҳа ҷинояти ҷангӣ медонад.

Ҳукумати Эрон дар ду соли гузашта бо коҳиши танишҳо дар Сурия, иқдом ба барномарезӣ барои истифода аз ин нерӯҳо барои пешбурди барномаҳои худ дар Афғонистон кардааст.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" дар моҳи марти соли ҷорӣ ба нақл аз яке аз мақомоти баландпояи Вазорати умури дохилии Афғонистон навишта буд, Эрон дар ҳоли кӯмак ба ҷангҷӯёни пешини "Лашкари Фотимиюн" аст, ки дар Кобул ва минтақаи шианишини Бомиён зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG