Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар поёни сафараш ба Душанбе гуфт, ки Тоҷикистон аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар ҳудуди кишвари ҳамсоя нигарон аст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 22-юми декабр ва пас аз мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон ташвиши мақомоти тоҷикро ба марзи тӯлонӣ ва назораташ душвори Тоҷикистону Афғонистон рабт дод.
Доктор Абдуллоҳ 21-уми декабр бо як ҳайат ба Тоҷикистон омад. Вай бо сарвазир, раиси Маҷлиси Намояндагон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ мулоқот дошт. "Яке аз ташвишҳои Тоҷикистон фаъолияти гуруҳҳои террористӣ ҳаст, ки дар дохили Афғонистон фаъоланд ва ҳадафашон берун аз марз низ ҳаст", -- гуфт ӯ ҳангоми натиҷагирӣ аз дидорҳояш дар Тоҷикистон.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Эмомалӣ Раҳмон "дар бораи фаъолияти гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва шабакаҳои дигари терроризми байналмилалӣ, ки барои Афғонистону минтақа манбаи асосии таҳдиду нигаронии ҷиддӣ аст", суҳбат кардаанд.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Мақомоти Тоҷикистон пештар низ аз ҷамъ шудани ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон, ки бо кишвар ҳаммарз аст, нигаронии худро баён дошта буданд. Ин нигарониҳо баъд аз нашри хабарҳое зиёд шуд, ки бар асоси он гуё дар миёни ҷангҷӯён шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон мегӯяд, маҳз идомаи ҷанг дар ин кишвар барои фаъол шудани чунин гурӯҳҳо шароит фароҳам кардааст: "Аз таъсири идомаи ҷанг, мутаассифона, ин мушкил идома пайдо карда, гуруҳҳои террористӣ бо номҳои гуногун аз кишварҳои мухталиф ҷой пайдо кардаанд. Таъмини сулҳи пойдор ва суботи давомдор ба маънои он аст, ки ба ин гурӯҳҳо набояд дигар иҷозати фаъолият дода шавад."
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Раиси Шӯрои олии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон мегӯяд, маҳз идомаи ҷанг дар ин кишвар барои фаъолияти чунин гуруҳҳо шароит фароҳам кардааст.
"Аз таъсири идомаи ҷанг, мутаассифона, ин мушкил идома пайдо карда ва гуруҳҳои террористӣ бо номҳои мухталиф аз кишварҳои мухталиф ҷой пайдо кардаанд. Таъмини сулҳи пойдор ва суботи давомдор ба маънои он аст, ки ин гуруҳҳо набояд дигар иҷозати фаъолият дода шавад",-афзуд Абдуллоҳ Абдуллоҳ.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ зимни сафараш ба Душанбе ҳамчунин дар бораи идомаи гуфтугӯҳои сулҳ бо гуруҳи Толибон суҳбат кард. Ӯ гуфт, ҳайати кишвараш дар суҳбатҳо бо гуруҳи Толибон талош мекунад, дастовардҳои ин кишвар давоми 19 соли ахир ҳифз шаванд.
Дар пайи оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон бисёре аз доираҳо аз ҳайати Афғонистон талаб карданд, ки дар масъалаи занон ва ҳаққи онҳо ба таҳсил набояд гузашт кунанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 22-юми декабр дар Душанбе гуфт, дар даври дуввуми музокирот аз ду хостаи рӯшани Афғонистон - расидан ба сулҳи боиззат ва ҳифзи дастовардҳо ва ҳуқуқи ҳама мардуми Афғонистон пуштибонӣ хоҳанд кард.
Даври аввали гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон дар Доҳаи Қатар ба анҷом расидааст. Дар даври аввал ҷонибҳо асосан бар сари шеваи гуфтугӯ ба тавофуқ расиданд. Дар назар аст, дар даври дуввуми гуфтугӯҳо, ки санаи оғозаш ҳанӯз маълум нест, масъалаҳои асосӣ миёни ҷонибҳо баррасӣ шавад.