Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ширкати дигари русӣ иҷозаи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русияро дарёфт кард


Самолеты в аэропорту Домодедово
Самолеты в аэропорту Домодедово

Боз як ширкати ҳавопаймоии Русия иҷозати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русияро дарёфт кардаааст.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон эълон кард, ки мақомоти тоҷик ба ширкати ҳавоии "S7" муҷаввизи парвозро доданд. Ширкати мазкур аввалин парвозашро тариқи хатсайри Хуҷанд-Маскав рӯзи 18 -уми декабр анҷом додааст.

Тибқи нақша, ҳавопаймоҳои ширкати мазкур бо навбат ҳафтае як маротиба дар масири Душанбе-Новосибирск, Хуҷанд- Москав ва Хуҷанд -Новосибирск парвоз хоҳанд кард. Ба ҳавопаймоҳо шаҳрвандони Русия ва онҳое, ки барои сафар ба ин кишвар сабаб доранд, роҳ дода мешаванд.

Ёдовар мешавам, ки феълан ширкати "Уралские авиалинии" ҳафтае 11 маротиба аз шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон ба Русия парвозҳои ғайринақшавиро амалӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG