Масъулони ҳукумати ноҳияи Варзоб ба гузориш дар бораи набудани мактаб барои сокинони атрофи бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар деҳаи Пуғус вокуниш карданд.
Гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора моҳи ноябри соли 2020 нашр шуда буд. Волидони кӯдакон шикоят карданд, ки фарзандонашон барои таҳсил роҳи хатарнокеро гузашта, ба мактаби деҳаи ҳамсоя мераванд. Мушкил соли 2012 ва баъди он шуруъ шуд, ки барои сохтмони бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон сокинонро ба ҷойи дигар кӯчонданд.
Намояндагони ҳукумати Варзоб дар номае, ки охири моҳи декабр ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфтаанд, аз соли 2013 то ин дам барои ба мактаб бурдани хонандагон нақлиёт ташкил карданд. Ҳарчанд сокинони деҳаи Пуғус гуфта буданд, кӯдакони онҳо ҳашт сол боз маҷбуранд, чанд километр роҳро пиёда тай карда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи Ғажне раванд.
Дар вокуниши мақомоти ноҳияи Варзоб ҳамчунин омадааст, деҳа навбунёд аст ва ҳукумат то кунун барои сокинон оби ошомиданӣ оварда, роҳу пул ва бунгоҳи тиббӣ сохтааст. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Файзуллоев, вакили маҷлиси ноҳияи Варзоб аз деҳаи Пуғус, моҳи ноябри соли гузашта гуфта буд, сокинон бо қувваи худ дар ҷойи зисти нав роҳу пул бунёд карданд, об оварданд ва бунгоҳи тиббӣ сохтанд.
Ба қавли ӯ, барои бунёди мактаб қитъаи замин ҷудо шудааст, аммо барои сохтани он сармоягузор надоранд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Намояндагони ҳукумати Варзоб тасдиқ кардаанд, ки лоиҳаи сохтмон омодааст, аммо нагуфтаанд, ки сохтмон кай оғоз мешавад. "Бо ворид гардидани сармоя аз созмони хайрияи "Тавҳид" сохтмони муассисаи таълимӣ оғоз ёфта, мушкилоти сокинони мавзеъ ҳал мегардад", -- гуфтанд дар ҳукумати ноҳияи Варзоб.
Ҳашт сол пеш мақомот тасмим гирифтанд, ки барои баргузории маросими байналмилалии бузург, бӯстонсарои берун аз шаҳрии ҳукуматиро бозсозӣ ва васеъ кунанд. Ба ин хотир, сокинони деҳаи Пуғусро бо пардохти ҷуброн кӯчониданд. Аммо бештаре аз ин сокинон дар маҳалли начандон дуртар аз деҳаи қаблии худ дубора манзили зист бунёд карданд.
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ҳамасола даҳҳо мактаби нав дар минтақаҳои гуногуни кишвар сохта мешаванд ва дар бештари маврид соҳибкорон низ барои бунёди ин мактабҳо ҷалб мешаванд.
Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, моҳи декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар соли 2020 ҳудуди дусад мактаб сохта ва ба истифода дода шуд, ки ҳанӯз кофӣ нест. Боз тасмим аст, ки аз ҳисоби буҷаи давлат, шарикони рушд, маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва эҳсонкорону шахсони алоҳида мактабҳо сохта ва ба истифода дода шаванд. То 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон 1332 муассисаи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ сохта ва таъмиру навсозӣ карда мешаванд."
Бунёди мактаб дар деҳаи Пуғус низ солҳо боз дар нақшаи мақомот ҳаст, вале маълум нест имсол барои сохтанаш сармоягузор хоҳанд ёфт ё не.
Ду сол пеш сокинони чаҳор деҳа дар ноҳияи Ваҳдат бо айни мушкил ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда буданд. Дертар онҳо гуфтанд, бо гузашти як сол аз расонаӣ шудани мушкил ва омодагии чанд нафар барои кумак, ҳанӯз кӯдаконашон мактаб надоранд.
Ба қавли сокинон, мақомот як қитъаи заминро ҷудо кардаву чанде аз соҳибкорон сангу хок овардаанд, аммо мактаб сохта нашуд ва хонандаҳо ҳанӯз аз роҳҳои дарозу пурхатар гузашта, ба мактаби деҳаҳои ҳамсоя мераванд.