Як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Риштони вилояти Фарғона дар Узбекистон аз қатъ шудани сохтмони боғчаи бачагона, ки Тоҷикистон ваъда дода буд онро сохтаву ба истифода медиҳад, нигаронанд.
Тоҷикистону Узбекистон ду сол пеш ба тавофуқ расида буданд, ки дар қаламравҳои якдигар барои тоҷикону узбекҳо мактабу боғча ва беморхона месозанд. Тошканд моҳи сентябри имсол дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мактабро сохта, ба истифода дод.
Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон мегӯяд, сохтмони боғчаи бачагона дар ноҳияи Риштон бино бар пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳои вобаста ба он ба таъхир афтод. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаи огоҳ, Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд як мактаб сохта, вале таъмиру муҷаҳҳаз кардани онро ба поён нарасондааст.
"БА МО МЕГӮЯНД, ЯК БИНОРО НАСОХТЕД"
Як сокини ноҳияи Риштони Узбекистон, ки худро Маҳмудхон муаррифӣ кард, рӯзи 15-уми декабр дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, сохтмони боғчаи бачагона аз ҳисоби Тоҷикистон қатъ шудааст. Ӯ навишт: "Ба мо мегӯянд, Тоҷикистон як боғчаро насохт. Аз мақомот хоҳиш дорем, ки зудтар сохтмони боғчаро ба анҷом расонда, ба истифода диҳад, вагарна ба обрӯи кишвар ва худшиносии тоҷикони муқими Риштон латма мезанад."
Чанде аз сокинони дигари ноҳияи Риштон дар суҳбати телефонӣ айни андешаро баён доштанд.
Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон, дар як тамоси хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бинои боғчаи бачагона тақрибан сохта шудааст ва танҳо корҳои таъмир мондааст, ки буҳрони коронавирус идомаи онро ба таъхир гузошт. Сафир гуфт, "сохтмони боғча бинобар баста шудани марзҳо боздошта шудааст. Якуним моҳ пеш ман дар он ҷо будам. Сохтмони асосӣ анҷом ёфта, корҳои ороишию маҷаҳҳазкунӣ мондааст. Баъди боз шудани марзҳо сохтмон идома хоҳад ёфт."
"БАРОИ ҲИФЗИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГ МУҲИМ АСТ"
Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори тоҷик дар Узбекистон, мегӯяд, пуштибонии Тоҷикистон аз забону фарҳанги тоҷик бо бунёди боғчаю мактабҳо дар берун аз қаламрави кишвар хеле муҳим аст, "то тоҷикон тавонанд забону фарҳанги худро ҳифз кунад".
Фарғонӣ гуфт, ба мушоҳидаҳои ӯ, сохтмони боғчаи бачагона ҳоло идома надорад ва Тоҷикистон бояд барои анҷоми сохтмони бино ба навъи аҳсан талош варзад. Ӯ гуфт: "Набояд пандемияро баҳона кунем, чун ҷониби Узбекистон дар ҳамин шароит як бинои мактабро пурра сохта ва ба истифода дод."
Соли 2018 Тоҷикистону Узбекистон ба тавафуқ расида буданд, ки дар қаламравҳои якдигар барои тоҷикону узбекҳо мактабу боғча ва беморхона месозанд. Мувофиқи ин созиш қарор буд Тоҷикистон барои 640 хонанда дар Самарқанд мактаб ва дар ноҳияи Риштони Фарғона як муассисаи томактабӣ барои 300 нафар бисозад.
Бар пояи ин созиш Узбекистон бо харҷи 18 миллион сомонӣ дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон барои 630 хонанда мактаб бунёд кард ва сохтмони як беморхона бо 200 кати хоб дар Қубодиён аз пули Узбекистон дар назар аст. Мактаби сохтаи Тошкандро дар ноҳияи Спитамен моҳи сентябри имсол ба истифода доданд.
ЧАНД МАКТАБИ ТОҶИКӢ ҲАСТ?
Мирасрори Фарғонӣ мегӯяд, дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Узбекистон аз 35 то 40 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунанд, аммо афзуд, бад будани равобити Тоҷикистону Узбекистон дар замони раёсати Ислом Каримов ба зиндагии онҳо низ беасар намонд.
"Дар ин муддат забони таълим дар аксар мактабҳои тоҷикии минтақа бо хоҳиши худи тоҷикон ба узбекӣ иваз карда шуд. Мактабҳои тоҷикӣ ба он далел узбекӣ шуданд, ки хатмкунандагон ба донишгоҳҳои Узбекистон дохил шуда наметавонистанд. Аз ин рӯ, забони таълим дар аксар мактабҳои ноҳия узбекӣ аст, ба ҷуз аз деҳаи дурдасти Хуррамобод", -- иброз дошт ӯ.
Тибқи омори расмӣ, дар замони Шӯравии собиқ дар Узбекистон 380 мактаби тоҷикӣ амал мекард, аммо дар бештар аз 25 соли охир шумори ин мактабҳо ба шиддат кам шудааст. Дар оғози соли 2018 як гуруҳ аз тоҷикони Узбекистон низ дар номае дар нашрияи "Овози тоҷик" аз камбуди мактабҳои тоҷикӣ дар он кишвар ва, ҳамин тавр, омӯзгорон шикоят карда буданд.