Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати баъзе сабукиҳоро ба муҳоҷирон дар Русия то июни 2021 дароз карданд


Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди эълони сабукӣ, мақомоти Русия онҳоро боздошт ва додгоҳҳо қарори ихроҷашонро содир мекунанд
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди эълони сабукӣ, мақомоти Русия онҳоро боздошт ва додгоҳҳо қарори ихроҷашонро содир мекунанд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, қарори додани баъзе аз сабукиҳоро ба муҳоҷирон дар замони пандемия то моҳи июни соли 2021 дароз кард. Муҳлати пешинаи иҷрои қарор то 15-уми декабри имсол пешбинӣ шуда буд. Ба ин тартиб, муҳоҷироне, ки муҳлати сабти иқоматашон ба поён расидааст, бе гузаштан аз марзи Русия метавонанд онро дароз кунанд. Ин дар ҳолест, ки иддае аз муҳоҷирон мегӯянд, баъзан мақомоти интизомӣ ва додгоҳҳои Русия қарори раиси ҷумҳури Русияро дар бораи сабукӣ ба муҳоҷирон нодида мегиранд. Онҳо мегӯянд, мақомот онҳоро боздошт мекунанд ва додгоҳҳо қарори ихроҷашонро содир менамоянд. Қарори додани сабукӣ ба муҳоҷиронро дар Русия дар шароите дароз карданд, ки ин кишвар чанд моҳ ба ин тараф ба камбуди нерӯи корӣ дар сохтмонҳо рӯ ба рӯ аст. Вазорати сохтмони Русия дар оғози ҳафтаи ҷорӣ аз ҳукумат хост, вуруди муҳоҷиронро сабуктар кунад, чун даҳҳо минтақа бахусус дар бахши сохтмон аз норасоии коргарон танқисӣ мекашанд.

XS
SM
MD
LG