Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши истеҳсоли гӯшту тухми мурғ дар Тоҷикистон


Фурӯши гӯшти мурғ дар як бозори Тоҷикистон
Фурӯши гӯшти мурғ дар як бозори Тоҷикистон

Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт ва тухми мурғ афзоиш ёфтааст. Бино ба маълумоти вазорати кишоварзӣ, дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар наздики 23 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки нисбати як соли пеш ҳудуди ду фоиз бештар аст. Ҳамчунин дар ин давра тақрибан 786 миллион дона тухм истеҳсол гардидидааст, ки наздики 40 фоиз зиёдтар будааст. Тибқи ҳисобҳо, ҳоло дар Тоҷикистон 170 коргоҳи мурғпарварӣ фаъол аст, ки аз ин миёна 40 ададаш имсол ба истифода дода шудааст. Ин корхонаҳо дар якҷоягӣ метавонанд солона зиёда аз 1 миллиард дона тухм ва беш аз 30 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол кунанд. Қаблан тухми мурғ ба Тоҷикистон аз Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин ва Узбакистон ворид мешуд. Афзоишти истеҳсоли дохилӣ боис гардид, ки воридоти тухм аз ин кишварҳо комилан қатъ гардад. Аммо бо ин вуҷуд дар кишвар болоравии якбораи нархи тухми мурғ мушоҳида мешавад. Агар тобистон даҳ дона тухм 7,5-8 сомонӣ арзиш дошт, акнун барои ҳамон даҳ дона шумо бояд аз 11 ним то 12 сомонӣ пардохт кунед.

XS
SM
MD
LG