Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ дар мақоми президенти ФФТ монд


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро бори севум президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон интихоб кардаанд. Маросим рӯзи 16-уми декабр дар Душанбе гузашт.

Вай аз соли 2012 раёсати Федератсияи футболро ба дӯш дорад. Ҳамзамон раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ аст, ки амалан шахси дувуми ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Интихоби дигарбораи Рустами Эмомалӣ ба мақоми президенти ФФТ дар ҳоле сурат гирифт, ки мухолифон ҳузури зиёди наздикони раиси ҷумҳурро дар мақомҳои муҳими давлатӣ ва созмонҳои варзишӣ танқид мекунанд. Барои мисол, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва домодаш Шамсулло Соҳибов муовини ӯ дар ин ниҳоди варзишӣ аст.

Конфронси ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи Футболи Тоҷикистон 16-уми декабр дар меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ"-и Душанбе баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, интихоби Рустами Эмомалӣ ба мақоми президенти федератсия бидуни рақиб сурат гирифтааст. Вай тӯли чаҳор соли дигар раҳбарии ФФТ-ро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Хуршеди Мирзо муовини аввал, Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов ноибони президенти ФФТ интихоб шудаанд.

Дар ин конфронс фаъолияти федератсия дар солҳои 2016-2019 баррасӣ шуд. Дар ҳисоботи видеоӣ, аз ҷумла зикр шуд, ки ФФТ дар муддати чаҳор соли ахир корҳои зиёдеро дар бобати рушди минбаъдаи футбол дар кишвар ба ҷо овардааст.

Мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ ягона дастае буд, ки соли гузашта дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия ширкат дошт. Футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи "Е" бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун рақобат карда, бо се имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифтанд ва аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Вакилони конфронс фаъолияти ФФТ-ро дар тӯли ин муддат қаноатбахш арзёбӣ карданд. Вале мизони баҳогузории ҳар кадом федератсияи футбол ин ҳунарнамоии дастаи мунтахаби миллии кишвар маҳсуб меёбад.

Дар иртибот ба натиҷаҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон ва Ҷоми Осиё ҳаминро метавон гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон ягон маротиба роҳхати ширкат дар даврҳои баъдии ин чорабиниҳои бонуфузро дарёфт накардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон ягона дастае аз миёни кишварҳои Осиёи Марказист, ки то ҳанӯз дар сабқатҳои ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат наварзидааст. Аз ин рӯ ин давраро барои тими миллии Тоҷикистон метавон бебарор унвон намуд.

Ҳамчунин коршиносон мегӯянд, рақобат барои унвони қаҳрамонӣ он қадар пуршиддату шавқангез сурат намегирад. Барои мисол дар чемпионати Тоҷикистон ҳафт соли ахир танҳо як даста, “Истиқлол”, ғолиб мешавад. Рақобатпазирӣ дар мусобиқот гум шудааст.

Масъалаи дигар, ки ба гуфтаи коршиносон барои рушди футболи ҳирфаии тоҷик муҳим аст, ин чигунагии вазъи майдонҳост. Солҳои ахир дар кишвар варзишгоҳҳои зиёд сохта мешаванд, аммо чамани ин майдонҳо, аслан сунъист.

Ҳоло майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ чамани сунъӣ дорад ва дастаҳое, ки ба Тоҷикистон барои бозӣ меоянд, аз ин чиз ҳамеша шикоят мекунанд. Зеро онҳо барои бозӣ кардан дар чунин шароит одат накардаанд.

XS
SM
MD
LG