Пайвандони Ҷунайдулло Умаров (Эшони Ҷунайдулло), сардори собиқи Раёсати бозрасии ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки соли 2015 кушта шуд, мегӯянд, "мақомот манзили онҳоро ғайриқонунӣ мегиранд". Мақомот бар инанд, ки хонаву дари Умаров дар деҳаи Нилкони ноҳияи Рӯдакӣ бо қарори додгоҳ мусодира шудааст.
Ҷунайдуллоҳ Умаров аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик буд, ки баъд аз имзои Созишномаи сулҳ барои кор ба Вазорати дифоъ рафтааст. Вай зодаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, замоне ба ҳайси коменданти шаҳри Душанбе низ кор кардааст.
Ба гуфтаи пайвандони сарҳанги пешини артиши Тоҷикистон, манзили баҳсӣ ба ӯ тааллуқ надорад, чун Ҷунайдулло Умаров дар он ҷо "хонадомод" буд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 3-юми декабр Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ қарор баровард, то манзилро холӣ кунанд.
"ХОНА АЗ МОДАРАМ БА МЕРОС МОНДААСТ"
Гулдаста Салимова, ҳамсари Ҷунайдулло Умаров, рӯзи 14-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, хона аз соли 1961, замоне ки ҳанӯз Ҷунайдулло ба дунё наомада буд, ба номи модари ӯ -- Шарбат Салимова сабт шудааст. "Ману Ҷунайдулло соли 1988 оиладор шудем ва ӯ ба ин манзил хонадомод шуда омад. Ин хона аз модарам ба мерос мондааст ва ба шавҳарам тааллуқ надорад", -- гуфт ӯ.
Аммо дар мактуби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ аз 31-уми марти имсол, ки ба Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ фиристодаанд, омадааст, манзили баҳсӣ ба Ҷунайдулло Умаров тааллуқ дорад ва ҳанӯз соли 2016 бо қарори Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ ба фоидаи давлат мусодира шудааст.
Дар санади Кумитаи сармоягузорӣ гуфта мешавад, Гулдаста Салимова "бо ҳамроҳии фарзандаш айни замон манзили мазкурро ғайриқонунӣ ишғол намуда, зиндагӣ мекунад." Аз ин рӯ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ аз додгоҳ талаб кардааст, Гулдаста Салимоваро бо аҳли оила аз манзил "бе додани манзили дигар" бикӯчонад.
"ҲАЛНОМА ҲАНӮЗ БА ИҶРО НАДАРОМАДААСТ"
Рӯзи 14-уми декабр масъулони Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд. Заррина Солеҳзода, муовини якуми раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ва додраси парванда дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора иттилоъ дода наметавонад, чун ҳалнома ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст. Додрас гуфт, Гулдаста Салимова метавонад ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кунад.
Худи Гулдаста Салимова гуфт, ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додгоҳи олӣ муроҷиат кардааст ва умед дорад, ӯро дар ин рӯзҳои сард аз манзил берун намекунанд.
Вай афзуд, ҳамроҳи ӯ дар ин манзил, шаш фарзанду набера ва хоҳараш зиндагӣ мекунанд, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст. "Мо ҳам инсонем, ҷойи рафтан надорем, куҷо равем. Ман ин фарзандонро ба куҷо мебарам?" - мегӯяд Гулдаста Салимова.
Ҷунайдулло Умаров, сардори пешини Раёсати бозрасии ҳарбии Вазорати мудофиа моҳи сентябри соли 2015 дар ҷараёни ҳодисае кушта шуд, ки мақомот онро "кӯшиши табаддулоти давлатӣ" аз сӯи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим номиданд. Ин ҳодиса қариб ду ҳафта идома карда, дар ниҳоят бо кушта шудани Абдуҳалим Назарзода, он замон генерал ва муовини вазири дифоъ ва баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ анҷомид.
Мақомот ҲНИТ-ро ба Назарзода ҳамдаст эълон карда, онро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид карданд. Масъулини ҳизб ҳама гуна пайванди худро ба қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим рад кардаанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Ин бори аввал нест, ки наздикони афроди кушташуда дар қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим аз мусодираи манзилашон шикоят мекунанд. Соли 2017 наздикони худи Ҳоҷӣ Ҳалим ҳам гуфтанд, аз Додгоҳи олӣ ва ҳукумати шаҳри Душанбе хостанд, ин оилаи серҷамъиятро аз сарпаноҳ маҳрум накунанд.
Мақомоти Тоҷикистон баъд аз ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015, ки онро ошӯб меноманд, гуфтанд, ки муовини собиқи вазири дифоъ моликияти зиёде, аз ҷумла фабрикаи мурғпарварӣ, корхонаи нонпазӣ ва моликияти дигар дошт ва ба нафъи давлат мусодира хоҳанд шуд. Ҳарчанд наздикони Абдуҳалим Назарзода гуфтанд, на ба ҳамаи амволе, ки мақомот ба Назарзода рабт доданд ба ӯ тааллуқ дорад.