Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден пас аз таъйиди расмии пирӯзӣ: "Демократия ғалаба кард"


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико рӯзи душанбеи 14-уми декабр чанд соат пас аз он, ки Коллеҷи интихоботии он кишвар пирӯзии ӯ дар интихоботро ба расмият шинохт, зимни суханронӣ аз мардуми ИМА хост, ки бо ваҳдат ба сӯи оянда бингаранд. Ӯ бо ишора ба раъйи Коллеҷи интихоботӣ онро натиҷаи "пирӯзии демократия" донист ва гуфт, ки асосҳои ҳокимият дар кишвар мавриди фишор, озмун ва таҳдид қарор гирифт", аммо фурӯ нарехт.

Вай афзуд, "он чӣ дар таҳи дили мардуми Амрико метапад, ин аст, демократия, яъне ҳаққи шунидани садоятон, ин ки раъйҳоятон шумурда шавад, инки раҳбарони барои ин миллат интихоб кунед ва битавонем худамонро идора кунем".

Ҷо Байден, ки дар ин давраи интихоботи президентии Амрико бо беш аз 81 миллион раъй рекорди нав бар ҷой гузошт, ҳамчунон талош мекунад нерӯи корзори интихоботии худро ҳифз кунад, зеро Доналд Трамп аз қабули шикаст худдорӣ карда ва ба ҷойи он иддао дорад, ки дар интихобот тақаллуби густурда сурат гирифтааст. Ин иддаоҳоро аммо додрасҳои амрикоӣ бо гароишҳои гуногуни сиёсӣ ва ҳамчунин Вазорати адлия ва Додгоҳи олии ИМА рад кардаанд.

Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико гуфт, "сиёсатмадорон дар Амрико қудратро соҳибӣ намекунанд, балки мардум ба онҳо вогузор мекунанд. Шӯълаи демократия дар ин кишвар дар замонҳои хеле дур рӯшан шуд. Ва мо медонем, ки ҳеҷ чизе, ҳатто як пандемия ё сӯистифода аз қудрат, наметавонад ин шӯъларо хомӯш кунад".

Вай сипас ваъда дод, ки "раиси ҷумҳур барои ҳамаи амрикоиҳо бошад" ва барои онҳое, ки ба ӯ низ раъй надодаанд, ба андозае онҳое, ки раъй додаанд, хизмат кунад.

Ба навиштаи хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", маълум нест, ки паём ва даъвати Байден ба ваҳдат чӣ таъсире хоҳад дошт. Бисёре аз ҷумҳурихоҳони баландпоя ҳанӯз аз Трамп ва иддаоҳои ӯ дар бораи тақаллуб дар интихобот ҳимоят мекунанд ва эҳтимолан ҳатто вақте, ки Байден қудратро дар даст бигирад, ба шеваи маъмул бо ӯ ҳамкорӣ накунанд.

Дар ҳоли ҳозир ҷумҳурихоҳон дар Сенати Амрико аксариятро ташкил медиҳанд. Аммо Маҷлиси намояндагон дар дасти демократҳост.

XS
SM
MD
LG