Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад як грамм заҳри каждумҳояшро то 10 000 доллар мефурӯшад. ВИДЕО


Kazhdum loop

Муҳаммад Бошта, як ҷавони 25-солаи мисрӣ, ки бостоншиносӣ хондааст, баъди ҷустҷуҷӯи “Фиръавн” дар биёбонҳои Миср, кори дигареро пеша кард. Он ҳам каждумпарварӣ.

Таъму таъсири заҳри каждумҳои ӯро то дар Аврупову Амрико чашидаанд. Каждумҳоро Муҳаммад Боштаву ҳамкоронаш аз биёбонҳои Миср ҷамъ оварда мепарваранд, на барои заҳр задан ба мардум, балки барои муолиҷаи онҳо. Ӯ ба хабарнигори “Ройтерс” мегӯяд:

“Заҳри каждумро барои истеҳсоли дору истифода мебаранд. Аз заҳри каждум ва мор дар ҷаҳон 24 навъи дору месозанд. Мо заҳрро ба кишварҳои гуногуни Аврупо ва Амрико, аз ҷумла Вирҷиния, Техас ва Калифорния содир мекунем. Ба Белгия, Дания, Олмон ва Фаронса низ. Ба ҳадди миёна қимати як грамми заҳри каждум вобаста ба навъи он то 10 ҳазор доллар аст. “

Ҷавони мисрӣ аз фурӯши заҳри каждум сарват ба даст меорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Муҳаммад Бошта соҳиби “Ширкати истеҳсоли заҳри Қоҳира” аст. Дар саросари Миср чандин каждумхона дорад ва барои истеҳсоли заҳр 80 ҳазор каждум мепарваранд. Роҳи гирифтани заҳри неши тези ин ҷондорро Муҳаммад Бошта чунин нақл мекунад: “Мо каждумро таҳти таъсири 12 волту 5 ампер нерӯи барқ мегузорем, то онро ба рехтани заҳраш водор кунем. Нерӯи барқро ба обдонакҳои каждум мегузорем, ки то ба марказҳои асабаш мерасанд. Аз ҳамин роҳ заҳр дар пеши чашми мо хориҷ мешавад. Мо барои соф нигаҳ доштани заҳр фақат як қатраи онро аз каждум мегирем. “

Як грамми ин заҳр кофист, ки аз он аз 20 то 50 ҳазор давои подзаҳр омода кунанд. Агар фишори баланд дошта бошед, пас шумо ҳам таъсири заҳри каждумро эҳсос кардаед, чун онро дар доруҳои муолиҷаи фишори баланд истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG