Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як нафар бар асари таркиши газ дар ноҳияи Рӯдакӣ


Акс аз бойгонӣ аст.
Акс аз бойгонӣ аст.

Бар асари таркиши балони газ дар ноҳияи Рӯдакӣ як нафар ҷони худро аз даст додааст. Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса бегоҳи 5-уми декабр дар манзили шаҳрванд Алиқул Ҳасанов дар ҷамоати Чортеппа рух дод. "Дар ин ҳодиса Бобомурод Ҳаитови 46-сола ҷон бохта, Алиқул Ҳасанов дар бемористон бистарӣ карда шудааст", -- гуфтанд дар Вазорати умури дохилӣ. Ба иттилои расмӣ, "барои бартараф кардани пайомадҳои таркиш аз балони газ мутахассисон дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд." Солҳои ахир борҳо аз таркиши зарфи газ дар хонаҳои мардум дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва фавту осеб дидани сокинон гузориш шудааст. Аз ҷумла, моҳи августи соли гузашта дар деҳаи Хумдони ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон дар натиҷаи кафидани балони газ як зани 22-сола сӯхт. Дар Душанбе чаҳор сол боз истифода аз зарфи газ дар манзили сокинон мамнуъ шудааст. Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, Хадамоти оташнишонӣ онҳоро барои истифодаи зарфҳои газӣ дар хонаҳои баландошёна ҷарима мекунад. Масъулони Хадамот мегӯянд, барои пешгирӣ аз сӯхтор истифодаи зарфҳои газӣ мамнӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG