Як боғчаи кӯдакона дар шаҳри Бохтар ба коми оташ рафтааст. Сабабҳои ин ҳодиса то кунун маълум нест.
Як масъули Идораи оташнишонии вилояти Хатлон гуфт, сӯхтор субҳи 25-уми ноябр сар зад. Ҳанӯз маълум нест, ҳангоми сухтор кӯдакон дар он ҷо будаанд ё на.
Ба гуфтаи манбаъ, ошёнаи якум ва дувуми кӯдакистон оташ гирифтааст. Дар бораи хисорот ва талафоти сӯхтор хабари расмӣ нашр нашудааст.
Дар наворҳоее, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки оташ дар ошёнаи дувум ва боми кӯдакистон аланга мезанад ва кормандони интизомӣ дар маҳал ҳузур доранд.
Боғчаи рақами ду дар Бохтар яке аз кӯдакистонҳои кӯҳна дар ин шаҳр буда, дар назди Коллеҷи тиббӣ ва Идораи молияи вилоят ҷойгир аст.