Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Заҳмати зиёд, вале фоидаи андак дорад." Шикояти пахтакорони тоҷик. ВИДЕО, САДО


Кишоварзони тоҷик мегӯянд, имсол аз майдонҳои пахта ҳосили хуб ба даст оварданд, аммо аз парвариши ин зироат, ки машаққати зиёд металабад, даромади ночиз мегиранд. Пахта яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ва манбаи даромади асъори нақди хориҷӣ аст.

ДАСТИ КӮТОҲИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

Абдувалӣ Умаров, саҳмдори хоҷагии "Додоҷон Набиев"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, соли гузашта нархи як кило пахта аз 4,5 то 4,8 сомонӣ буд ва имсол нарх андаке боло рафтаву ба 5,50 - 6 сомонӣ расидааст. Ӯ афзуд, кишту парвариши пахта заҳмати зиёд, аммо фоидаи андак дорад.

"Агар корхонаҳо дар шароити имрӯза як кило пахтаро аз мо аз 6,50 сомонӣ то 7 сомонӣ харанд, он замон барои заҳматамон фоидаи сазовор гирифта метавонем", -- иброз дошт Умаров рӯзи 19-уми ноябр.

Бо пошхурии Шӯравӣ, дар ҷойи колхозҳо даҳҳо хоҷагии хурди деҳқонӣ ташкил шуд, ки замини кам ва сармояи ночизе доранд. Кишоварзон дар харидани техникаву таҷҳизот пулӣ кофӣ надоранд ва аксари корҳо дастӣ анҷом дода мешаванд.

Суду зиёни "тиллои сафед" дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:53 0:00
Линки мустақим

Онҳое, ки дар саҳро пахта мечинанд, дар поёни ҷамъоварии ҳосил хаста ва афгор мешаванд ва аз ин рӯ роҳбарони хоҷагӣ барои ҳавасманд кардан дар поёни мавсим нархи чидани пахтаро андаке боло мебаранд.

Умаров гуфт: "Дар охири мавсим ҳаво сард мешавад, рӯзҳо кӯтоҳ. Аз ин рӯ, каме нархи чидани пахтаро боло мебарем, ки пахтачинҳо ҳавасманд шаванд ва мо низ дастранҷи худро пурра ҷамъоварӣ кунем."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Мавсими имсолаи пахтачинӣ чӣ хел мегузарад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

“ҶОЙИ КОР НЕСТ, БА САҲРО МЕРАВЕМ”

Аксари коргарон ва пахтачинҳо дар майдонҳои пахта дар Тоҷикистон занон ҳастанд. Мардон асосан дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва барои занҳо ба ҷуз аз кор дар майдони пахта ва чидани он ҷойи кори дигаре нест.

Матлуба Ҳусейнова, як зани пахтачин аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, мегӯяд, "аз аввали мавсим беш аз 3 тонна пахта чидам. Ба ҳисоби миёна, барои чидани як кило пахта 80-дирамӣ медиҳанд. Барои гузарондани зимистон тақрибан 2400 сомонӣ даромад гирифтам. Дар деҳаи мо корхона ва ё ҷойи кори дигаре нест. Аз ин рӯ, ҳама занҳо дар саҳро кор мекунанд."

Хатлон бузургтарин вилояти пахтакори Тоҷикистон аст. Аммо нархи пахта дар ин минтақа аз Суғд ҳам арзон аст ва кишоварзон мегӯянд, парвариши ин зироат ба зӯр хароҷотро мепӯшонад ва ё фоидаи ночиз меорад.

Яке аз пахтачинон дар Хатлон
Яке аз пахтачинон дар Хатлон

"АНГУШТҲОРО МЕХАРОШАД, ЛИБОСҲО ПОРА МЕШАВАНД"

Суннатулло Ҳамидов, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Суннатулло” аз минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, як кило пахтаро корхонаҳои пахтатозакунӣ аз 5 то 5,5 сомонӣ мехаранд ва ҳосиле, ки то кунун ба даст омад, танҳо хароҷоти хоҷагиро рӯйпӯш кардааст.

Умеди деҳқонони хоҷагӣ ба ҳосили монда дар саҳро аст, ки ба гуфтаашон ҳар қадаре ба даст ояд, фоидаашон аз он хоҳад буд. “Имсол дар 2,5 гектар пахта киштем, ҳосили хуб рӯёнидем. Аз ҳар гектар 30-сентнерӣ ҳосил гирифтем, ҳоло ҳам дар замин ҳосил ҳаст”, - гуфт Суннатулло Ҳамидов.

Ӯ афзуд, барои кишту парвариши пахта дар 2,5 гектар 18 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст ва умед дорад, аз заҳмати яксолаи хоҷагиаш ҳудуди 10 ҳазор сомонӣ фоида ба даст орад.

Дар ҳоле ки моликони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз фоида суҳбат мекунанд, пахтачинҳои одӣ мегӯянд, нархи чидани пахта бо он ки заҳмати зиёд дорад, ночиз аст.

Пахтачин Зубайда Мирзоева мегӯяд: "50-70 дирам барои чидани пахта медиҳанд ва ин кам аст. Дар шароити ҳозира ин хеле арзон аст... Ҳол он ки кори осон нест, ангуштҳоро мехарошад, либосҳо пора мешаванд."

БЕШ АЗ 460 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА ҶАМЪ ОВАРДААНД

То анҷоми мавсими ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мақмот, 5-10 рӯзи дигар мондааст. Ҳарчанд, барномарезии давлат, ё нақшаи ҷамъоварии ин зироат дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ҳар сол ҳукумат санадеро бо номи “дурнамои истеҳсоли пахта” содир мекунад ва мақомот ба кишоварзон, ки аслан мустақил ҳастанд, фишор меоранд, “дурнаморо” иҷро кунанд.

Ҳасан Каромзода, мутахассиси пешбари раёсати тухмипарварӣ ва даствардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то ин сана кишоварзон дар ҷумҳурӣ 96,6 дарсади дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро карданд.

Ӯ афзуд, кишоварзони кишвар то ба ҳол дар маҷмуъ “460 ҳазору 596 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Эҳтимол то 25-уми ноябр дурнамои истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ иҷро шавад.”

Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, ҳосили то ба ҳол рӯёнидаи кишоварзони тоҷик дар муқоиса ба соли 2019-ум 60 ҳазор тонна бештар аст.

Соли 2019 дар Тоҷикистон 396 ҳазору 920 тонна пахта истеҳсол шуда буд. Ҳосили аз ҳама бештари пахта дар Тоҷикистон соли 1980 ба даст омадааст. Дар Тоҷикистон он сол 1 миллион тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд.

Нархи як сентнер айни замон дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳудуди 200 доллар аст. Пахтаи Тоҷикистон асосан ба Туркия, Русия ва Чин содир мешавад. Тоҷикистон дар иваз аз ин кишварҳо либоси омодаро харидорӣ мекунад.

Саноати нассоҷии кишвар солҳои 90-ум дучори рукуд шуд ва ҳоло дар дохили кишвар андаке беш аз даҳ дарсади пахтаи ҳосилшуда коркард мешавад.

XS
SM
MD
LG