Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои мушакӣ дар Кобул. Ҳукумат Толибонро гунаҳкор кард, ДОИШ иддаои дигар дорад


Таркиш дар Кобул. Акс аз 16-уми ноябри 2020
Таркиш дар Кобул. Акс аз 16-уми ноябри 2020

Бар асари ҳамлаҳои мушакӣ дар Кобул 8 кас кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Ҳамлаҳо рӯзи 21-уми ноябр сурат гирифтанд. Ҳукумати Афғонистон Толибонро гунаҳкор кард, вале ДОИШ иддао дорад, ки кори онҳо буд.

Хушунатҳо чанд соат пеш аз он рух дод, ки қарор буд Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо ҳайати Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар Қатар мулоқот карда, барои оғози музокироти мутаваққифшудаи сулҳ талош кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико шаби 20-уми нобяр хабар дод, ки Помпео қасд дорад 21-уми ноябр ба таври ҷудогона бо намояндагони давлати Афғонистон ва ҳайати Толибон дар Доҳа, ки ба маркази дипломатии ин гуруҳ табдил шудааст, дидор кунад.

Дар пайи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, ки расонаҳои он кишвар Ҷо Байденро раиси ҷумҳури мунтахаб эълон кардаанд, Помпео ба сафари ҳафтрӯза ба Аврупо ва Ховари Миёна баромадааст.

Ҳамчунин ҳодиса ду рӯз пеш аз нишасти бузурги кишварҳои ёридиҳанда ба Афғонистон (дар Женева) рух дод.

Ториқ Ориён, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, дар як изҳороти видеоӣ гуфт, Толибон ба панҷ нуқта, аз ҷумла наздикии маҳалли сафоратҳои хориҷӣ дар Кобул "24 мушак партофтанд". Вай ҳамлаҳои мушакиро "нишонаи шикасти Толибон" номид ва афзуд, "интиқоми амали зишт гирифта хоҳад шуд".

Толибон билофосила ҳамагуна дахолатро дар ин ҳамлаҳо рад кард. Дертар созмони террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ иддао кард, ки ҳамлаҳои мушакӣ ба Кобул кори ин гуруҳ буд.

Ҳамлаҳо боиси баланд шудани занги хатар дар сафоратҳои хориҷӣ дар пойтахти Афғонистон шуданд. Намояндагони сафорати Эрон дар Кобул дар Твиттер навиштанд, ки ба ҳудуди сафорат як мушак партоб шуда, вале талафот надоштааст.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамлаҳоро маҳкум кард ва бори дигар хоҳони кам кардани хушунатҳо ва барқарории оташбас шуд.

Аз замони таваққуфи гуфтугӯҳои сулҳи байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ҳамлаҳои Толибон ва гуруҳҳои дигари шӯришӣ дар Афғонистон ва бахусус дар Кобул дар ҳоли афзоиш аст.

Дар аввали моҳи ноябр шахсони мусаллаҳ ба Донишгоҳи Кобул ҳамла карда, ба камияш 35 нафарро, ки аксари онҳо донишҷӯ буданд, куштанд. Дар он ҳамла беш аз 50 нафар захмӣ шуданд.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ Пентагон ё Вазорати мудофиаи Амрико эълон кард, ки ба зудӣ тақрибан 2000 сарбози худро аз Афғонистон берун мекунад.

XS
SM
MD
LG