Айеркен Саидмаҳдӣ (Саймаитӣ), тоҷири уйғур аз Қирғизистон, ки як сол пеш дар Туркия кушта шуд, аз он метарсид, ки мансабдорони собиқ аз ӯ интиқом мегиранд.
Бино ба пажӯҳиши нави Радиои Озодӣ, тоҷири уйғур чанде пеш аз кушта шудан дар Истанбул гуфта будааст, агар ба ӯ иттифоқе рух диҳад, масъулияташ ба гардани мансабдори қудратманд ва собиқи Қирғизистон аст.
Таҳқиқоти нав ва муштараки Радиои Озодӣ ва Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) рӯзи 10-уми ноябр дар солгарди аввали кушта шудани Саймаитӣ, ки садҳо миллион долларро аз Қирғизистон ба берун бурдааст, нашр шуд.
Пеш аз қатл, Саймаитӣ мавод ва сабтҳоеро ба хабарнигорон пешниҳод кард. Ин сабтҳо далели онанд, ки ӯ пулҳоро барои Ҳабибулло Абдуқодир, соҳибкори уйғуре бо шиносномаи қазоқӣ, ба хориҷ интиқол додааст. Ҳабибулло Абдуқодир соҳиби ширкати бузурги борбарӣ дар Осиёи Марказӣ ва хориҷ аз он аст.
Пажӯҳиши Радиои Озодӣ, Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва Kloop, ки ду ҳафта пас аз кушта шудани Саймаитӣ нашр шуд, маълум кард, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон, Раҳимбек Матраимов, яке аз шахсиятҳои калидӣ дар гурӯҳи Абдуқодир аст.
Тибқи сабтҳое, ки мақомоти тафтишотии Туркия ҳангоми таҳқиқи қазияи куштори Саймаитӣ ошкор кардаанд, чанде пеш аз қатл, Айеркен Саймаитӣ ба ҳамсараш гуфтааст, агар ҳодисае ба сари ӯ омад, кори дасти Матраимов ва Абдуқодир аст. Вуфули Бумайлиями, ҳамсари Саймаитӣ, гуфтааст: "Ба ман таъкид карда буд, ки агар балое сараш омад, бояд ҳамаи инро ба пулис нақл кунам ва бигӯям, ки ҳамин одамон ӯро мекушанд."
Матраимов – аз оилаи бонуфуз ва сарватманди Қирғизистон аст. Вай дар пайи интихоботи баҳсбарангези порлумонӣ ва эътирозҳову тағйири ҳукумати ин кишвар, бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт, аммо зуд бо шарти тарк накардани макони зист озод гашт.
Пулиси Туркия ба ин суол, ки оё дар робита ба қазияи марги Сайматӣ, Матраимов ва Абдуқодирро бозпурсӣ хоҳад кард ё не, посух надодааст.
Матраимов дар паёми электронӣ 9-уми ноябр ба муаллифони таҳқиқот робитаи худро бо Саймаитӣ ва куштори ӯ рад кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки дар рӯзи қатли Саймаитӣ дар Туркия буд, вале полис аслан бозпурсӣ накард.
Ҳабибулло Абдуқодир аз сӯҳбат дар ин бора бо гурӯҳи таҳқиқотӣ худдорӣ кардааст.
Пулиси Туркия парвандаро махфӣ нигоҳ медорад. То кунун чаҳор мард, аз ҷумла шахсе, ки ба сӯйи Саймаитӣ тир андохтааст, дар робита бо куштори ӯ боздошт шудаанд. Дар ин бора тафсилоте дода намешавад.
Аммо зимни таҳқиқот Радиои Озодӣ ва шариконаш имкон ёфтанд бо баъзе аз ҷузъиёти дигари парвандаи қатли Саймаитӣ шинос шаванд. Аз ҷумла, бо номи марде, ки дар парванда чун қотили эҳтимолии Саймаитӣ сабт шудааст.
Абдулло Анвар ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, зодаи Қирғизистон аст ва як марди узбеке, ки дар гурӯҳи исломгаро дар Сурия меҷангид, ба ӯ барои қатли Саймаити, ки гуиё аз дини худ рӯй гардондааст, 50 ҳазор доллар ваъда кард. Анвар зимни бозпурсӣ гуфтааст, Саймаитиро намешинохт ва танҳо барои пул ин корро кард.
Пулиси Туркия ба ин бовар аст, ки сабаби куштори Саймаитӣ ҳамин аст. Аммо таҳқиқоти якҷояи Радиои Озодӣ ва Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) хулосаҳои пулис ва ё тафтишотро зери шубҳа қарор медиҳад.
Моҳи июни имсол комиссияи порлумонии Қирғизистон, ки масъули таҳқиқи қазияи куштори Саймаитӣ аст, гузоришеро омода кард, ки дар он дар бораи омилҳо ё фармоишгарони қатли ӯ чизе гуфта нашудааст.
Мунтақидон комиссияро ба он айбдор мекунанд, ки ин гузориш ҷинояти фасодкориеро, ки таҳқиқоти якҷояи Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop дар асоси маводи пешниҳодкардаи Саймаитӣ ошкор карданд, сарфи назар намудааст.