Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Қирғизистону Узбекистон бозӣ мекунад


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар Маркази таълимии Бонки миллӣ, ба ҷамъомади таълмиву тамринӣ шуруъ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоыикистон, ба ин ҷамъомад, ки то рӯзи 16-уми ноябр идома хоҳад кард, аз се бошгоҳи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 18 бозигар - 3 дарвозабон ва 15 бозигари майдонӣ - даъват шудааст.

Аз рӯи натиҷагирии ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон ҳайати ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи дӯстона дар Тошканд муайян карда мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо тимҳои миллии Қирғизистон (18-уми ноябр) ва Узбекистон (19-уми ноябр) бозӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон дар 16-умин мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё, ки аз 23-юми март то 3-юми апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад, дар гурӯҳи “А” рақобат хоҳад кард. Рақибони дастаи Тоҷикистон тимҳои миллии Туркманистон, Ветнам ва Умон мебошанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Собирҷон Гулаков, Баҳодур Хоҷаев, Иқбол Воситзода, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Умед Қузиев, Идрис Ёров (ҳама аз «Соро компания»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Муҳоҷир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

Мусобиқаи дӯстона оид ба футзал дар Тошканд

17-уми ноябр (сешанбе)

Узбекистон – Қирғизистон

18-уми ноябр (чоршанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

19-уми ноябр (панҷшанбе)

Узбекистон – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG