Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов тағйирот ба қонуни интихоботи Қирғизистонро имзо кард. Ӯ метавонад президент шавад


Содир Ҷабборов соли 2017 бо айби одамрабоӣ ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуд ва то як моҳ пеш ӯ дар зиндон буд. Ҳоло ӯ иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон аст ва бар асоси тағйирот ба қонун шонс дорад президенти кишвар шавад
Содир Ҷабборов соли 2017 бо айби одамрабоӣ ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуд ва то як моҳ пеш ӯ дар зиндон буд. Ҳоло ӯ иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон аст ва бар асоси тағйирот ба қонун шонс дорад президенти кишвар шавад

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғмизистон Содир Ҷабборов (Ҷапаров) тағйирот ба қонуни интихоботро имзо кард, ки таъхир дар баргузории интихоботи парлумониву президентиро иҷоза медиҳад ва айни замон, ба қавли мунаққидон, ба худи ӯ, ки ҳанӯз як моҳ пеш бо иттиҳоми гаравонгирӣ дар зиндон буд, шонси президент шуданро фароҳам мекунад. Ҷабборов дар имзои тағйирот ба қонун хеле шитоб кард ва чанд соат баъди қабули ин тағйирот дар парлумон рӯзи 22-юми октябр қонунро ба тасвиб расонид. Тағйироти нав ба ӯ имкон медиҳад, ки ҷӯёи курсии президентӣ шавад. Баъди он ки натиҷаҳои интихоботи парлумонии 4-уми октябри Қирғизистон бо иттиҳоми тақаллуб бекор шуду кишвар дучори эътирозу беназмиҳо гашт, Ҷабборов ба озодӣ баромад. Ӯ соли 2017 бо иттиҳоми одамрабоӣ ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуда буд ва баъди бо ёрии тарафдорон озод шуданаш аз зиндон, якбора ба як пешвои эътирозгарон табдил гашт. Таҳаввулоти баъди 6-уми октябр ва эътирозҳои мардумӣ боиси аз вазифа рафтани раиси парлумон ва президенти ин кишвар шуд. Парлумон Ҷабборовро раиси нави ҳукумат эълон кард ва аз 16-уми октябр ӯ инчунин иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Бар асоси қонуни амалкунанда, Ҷабборов ҳақ надорад ба президентӣ номзад шавад. Вале бар асоси тағйирот ба қонун аз санаи 23-юми октябр, ӯ ҳақ дорад дубора дар интихобот иштирок кунад. Дар оғоз гуфта мешуд, ки интихоботи парлумонӣ рӯзи 20-уми декабр баргузор хоҳад шуд, вале бар асоси ин тағйирот, акнун то 10-уми январ қонунгузорон метавонанд ислоҳоти конститутсионӣ гузаронанд ва роҳи Ҷабборов ба қудрат боз шавад. Тағйироти конститутсионӣ дар Қирғизистон бояд то 21-уми январ анҷом шавад ва интихоботи нави парлумонӣ баъди ин пеш аз 1-уми июни соли 2021 баргузор гардад. Бархе фаъолони ҳуқуқ ва сиёсатмадорони мунаққиди ҳукумат ин амали Ҷабборовро ҳамчун талоши “ғасби қудрат” маҳкум карданд. Ҷабборов хостори тақвияти низоми президентӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG