Дар Русия озмоиши ду ваксинае идома дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Русия ба зидди бемории COVID-19 коромад аст. Ба гуфтаи мақомот, даҳҳо ҳазор нафар изҳори омодагӣ кардаанд, ки довталабона дар озмоиши ваксинаҳо ширкат мекунанд, аммо шубҳа дар бораи ин ваксинаҳо зиёд аст.
Хабарнигори телевизиони “Настояшее время” бо чанде аз ширкатдорони озмоиш дар бораи хатару фоидаҳои ваксина суҳбат кард.
Таблиғи ваксинаи дувуми русии зидди коронавирус, ки тоза сабти ном гардид, дар ҳоле сар шуд, ки он дар марҳилаи савум – санҷишӣ клинникӣ – қарор дошт. Барои ширкат дар санҷиши ин ваксина ба ҳайси ихтиёрӣ ҳунармандону чеҳраҳои маъруфи рус ҳам ҷалб шудаанд.
Родион Газманов, овозхони шинохта, розӣ шудааст, ки дар ҷисми худ ваксинаи навро бисанҷад. Ӯ аз ҷараёни санҷиш дар Инстаграм ба дигарон маълумот дод: “Бо ду сабаб ба ин пешниҳод розӣ шудам. Аввал ин ки шахсони зиёде аз атрофиёни ман ба ин беморӣ гирифтор шуданд. Дувум, барои он ки падари ман ҳам коронавирус шуд ва қариб як моҳ садояшро гум кард.”
Ҳунарманд мегӯяд, ба касе ваъда надодааст, ки ваксинаро дар Инстаграм таблиғу таъриф мекунад. Вай дар бораи таъсири манфии ваксина, ки пас аз аввалин истифода эҳсос кардааст, чунин гуфт: “Дар рӯзи аввали баъди ваксина каме хунукӣ, дарди сар ва дарди мушак эҳсос мешуд. Баъдтар ин дардҳо гум шуданд, ба ғайр аз дарди мушакҳо, ки тақрибан то 3 рӯз идома кард. Ҷойи сузандору ҳам тақрибан 5 рӯз дард мекард. Маълум буд, ки варам аст.”
Ихтиёриёнро бо роҳи гузаронидани ду сузандору дар китф, зидди коронавирус эм мекунанд. Сузандоруи дувум бо гузашти 21 рӯз аз истифодаи сузандоруи аввал гузаронда мешавад. Ихтиёриён муваззаф шудаанд, ҳолати ҳаррӯзаи худ, аз ҷумла ҳарорати баданашонро дар як рӯзнома сабт кунанд. Барои ин, барномаи махсусе дар телефонҳо омода шудааст.
Дар ин барнома ба шакли худкор ё автоматӣ маълумоти дастбандҳое, ки ба ихтиёриён тақсим шудааст, низ ворид мегарданд.
Семен Галперин, пизишк ва раҳбари “Лигаи дифоъ аз табибон” аз таҷрибаи санҷиши ваксина дар худ чунин қисса мекунад:
“Ба ман чунин як фитнес-браслет ё дастбанд доданд. Он ҳамеша дар дастам ҳаст. Он ҳарорати бадан, фишор ва набзро месанҷад. Вале нишондиҳандаҳои он аз ҳарорати воқеии бадан фарқ мекунад. Ин дастбанд тақрибан як дараҷа камтар нишон медиҳад. Баъд аз истифодаи ваксинаи якум ҳарорат баланд шуд. Қариб 39 буд. Ҳамчунин дарди сар ва беҳолӣ доштам. Ин ҳол ду рӯз давом кард".
Раиси шаҳри Маскав, Сергей Собянин, гуфт, ки 60 ҳазор нафар барои ширкат дар ҷараёни санҷиши ваксина изҳори омодагӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ҳам тавассути сайти шаҳрдории Русия муроҷиатҳо қабул мешаванд. Қарор аст, барои санҷиши ваксина 40 ҳазор нафар ҷалб шавад. Қисме аз ихтиёриён ба гурӯҳи назоратӣ ворид карда мешаванд.
Вера Смирнова, омӯзгори Донишгоҳи ба номи Пирогова, ҳадс мезанад, ки ба гурӯҳи назоратӣ меафтад: "Аз таъсирҳои манфии ваксина фақат болоравии кӯтоҳмуддати ҳарорати баданро мушоҳида кардам. Бори аввал 37, баъдан то 37,5 дараҷа расид. Бори дувум ҳам ҳамин ҳолат буд.”
Дар бораи сабти ваксинаи "Спутник-V" Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 11-уми августи имсол хабар дод ва гуфт, ин ваксина самарбахш буда, масунияти баданро қавӣ мекунад.
Аммо ба ваксинаи нав аксари табибон бо шубҳа менигаранд. Зеро он бидуни гузаштан аз марҳилаи саввум – озмоиши клиникӣ – ба қайд гирифта шудааст. Маҳз дар ин марҳилаи озмоиш, ки давраи асосӣ аст, фоидаовар будани ваксина собит ва ё рад мешавад.
Вера Смирнова мегӯяд: "Одамон кори олимону биологҳоро, ки ин ваксинаро омода кардаанд, омехта намуданд. Ҳукумати мо ҳам бо овози баланд мегуфт, мо нахустин шуда, ваксинаро сабти ном кардем. Бояд дар инҷо мӯй аз хамир ҷудо карда шавад ва бояд дар хотир дошт, ки мақомот ҳадафҳои худро доранд, олимон барномаи худро. Ҳатто агар натиҷаи озмоиш манфӣ аст, маълум мешавад, ки ваксина коромад нест. Ва ин ҳам натиҷа аст ва мо мефаҳмем, ки пас бояд бо ин роҳ наравем".
Константин Чумаков, раҳбари бахши ваксина дар Оҷонси амрикоии назорати сифати маводи ғизоӣ ва доруворӣ FDA, дар шарҳи сабабҳои нобоварӣ ба самарабахш будани "Спутник V" гуфт: "Чӣ тавр мешавад ба чизе, ки натиҷааш номаълум аст, бовар кард? Чизе нашр нашудааст, ба ҷуз аз чанд эълону изҳорот дар расонаҳо ягон маълумоти дигар нест. Касе инро ҳатто ҷиддӣ намегирад. Ин чизе монандӣ ба корҳои дохилии сиёсии Русия аст."
Рӯзи 4-уми сентябр, баъд аз 3 рӯзи изҳороти Путин, дар бораи сабти номи ваксина, дар маҷаллаи бонуфузи тибби Lancet мақолае дар бораи озмоиши ваксинаи зидии COVID-19 дар Русия нашр шуд.
Коршиносони хориҷӣ аз суръати омодасозӣ ва таҳқиқ, ҳамчунин, аз набудани маълумоти аслӣ дар бораи пажӯҳиши илмӣ оид ба ваксина изҳори ҳайрат кардаанд.
Дар як номаи кушода 16 олим, аз муаллифи мақола талаб кардаанд, дар бораи ваксина маълумоти бештар пешниҳод кунад. Сабаби пайдо шудани шубҳа ҳам ин аст, ки дар хориҷ, озмоиши клиникии маводи тиббӣ маъмулан на камтар аз як солро дар бар мегирад.
Вирусолог, Константин Чумаков, мегӯяд, “барои санҷиши фоиданокии ваксина бояд аввал он сохта шавад ва баъдан дар одамон санҷида шавад. Бояд онҳоро як муддат назорат кард, то самарбахшии он собит шавад. Танҳо мушоҳидаи ҳолати ихтиёриён метавонад, бехатарии ваксинаро муайян кунад. Баъд аз изҳороти шитобкорона, шанси Русия барои фурӯхтани ваксина ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле поин рафт”
Дархости хабарнигорон барои суҳбат бо мутахассисон дар Пажӯҳишгоҳи Гамалеи беҷавоб монд. Ваксинаи "Спутник V" маҳз дар ҳамин ҷо сохта шудааст.
14-уми октябр Владимир Путин аз сабти боз як ваксинаи дигари русии зидди коронавирус хабар дод. Ин ваксина ҳам бе гузаштан аз марҳилаи саввуми озмоиши клиникӣ сабт шудааст. Қарор аст, моҳи декабр дар Русия ваксинаи сеюм сабт карда шавад.