Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори пешини Кӯлобро ба шаш моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор кардаанд


Баҳром Иноятзода
Баҳром Иноятзода

Мақомоти додгоҳи вилояти Хатлон мегӯянд, Баҳром Иноятзода, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб бо шаш моддаи Кодекси ҷиноятӣ айбдор дониста мешавад.

Қаблан, эълон карда буданд, ки нисбати шаҳрдори собиқ бо иттиҳоми порагирӣ ва сӯистифода аз ваколат парванда боз шудааст ва иттиҳоми дузанагиаш тафтиш мешавад.

Баҳром Иноятзода моҳи июни соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иттиҳоми порагирӣ боздошт шуд. Айбҳое, ки ҳоло нисбати ӯ эълон шудааст. Баъдан ба парвандааш ворид шудааст. Наздиконаш айбҳои эълоншударо тӯҳмат ва қасосгирии як гурӯҳи манфиатхоҳ медонанд.

Як манбаъ аз додгоҳи вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи Иноятзода бо моддаҳои 314 қисми 2, (сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 319 қисми 4 (гирифтани пора дар ҳаҷми бузург), 245 қисми 2 (аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда), 247 (қаллобӣ), 338 нишонаи 1, қисми 2 (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин), 262 (қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада) айбдор мешавад.

Иттиҳоми дузанагӣ, ки дар аксар ҳолат ҷаримаро пешбинӣ мекунад, аз парвандаи ӯ лағв шудааст. Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба ӯ бештар аз 20 соли ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, таҳқиқ нишон дод, ки ӯ ба наздиконаш бе навбат қитъаи замин барои бунёди манзили зист додааст ва аз чанд сокини дигар пас аз гирифтани пора ин корро анҷом додааст.

Муҳаббат Иззатова, хоҳари ӯ қаблан дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бародараш ҳеҷ як аз ин иттиҳомро дар мурофиаи додгоҳӣ қабул накард ва гуфт, ки бегуноҳ аст.

Қаблан, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки Баҳром Иноятзода барои "маҳз дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин" ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Баҳром Иноятзода дар гузашта раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ буд ва моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.

Иноятзода аз камтарин роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аст, ки дар замони сари кор буданаш дастгир мешавад. Ӯро рӯзи боздошташ бо фаромони президенти Тоҷикистон аз вазифа барканор карданд.

XS
SM
MD
LG