Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба манзили сокинони Суғд баъд аз даҳ сол дубора гази табиӣ меояд. ВИДЕО


Сокинони Тоҷикистон солҳост, ки аз истифодаи гази табииӣ маҳруманд
Сокинони Тоҷикистон солҳост, ки аз истифодаи гази табииӣ маҳруманд

Узбекистон баъд аз солҳо дигарбора интиқоли газ ба шимоли Тоҷикистонро оғоз мекунад. Мақомот гуфтанд, то як моҳи дигар ва бо таъмири қубурҳо манзили сокинон бо гази табиӣ таъмин мешавад. Тақрибан даҳ соли пеш дар аҳди Ислом Каримов, президенти пешинаи Узбекистон, бинобар қиммат будани нархи газ Тоҷикистон воридоти онро қатъ карда буд.

Сокинон ҳоло бо набуди гази табиӣ манзилҳояшонро бо барқ ва ё оташи бобоӣ гарм мекунанд, вале акнун ба қубурҳои бекорхобидаи онҳо буйи газ меояд. Корхонаи хусусии "Сомон-Cуғд Газ" муваззаф шудааст, ки дар ояндаи наздик ба тамоми манотиқи вилояти Суғд газро дастрас кунад. Ҳоло ҳудуди 15 нафар мутахассисон, бештар аз 400 чоҳҳои шахшудаи лулаҳои газгузар дар Хуҷандро барқарор месозанд.

Масъулони ин корхона мегӯянд, шуруъ аз моҳи ноябр аввал ба корхонаҳои саноатӣ, баъд ба хонаҳои заминию баландошёнаи аҳолии шаҳри Хуҷанд, ки қубурҳои газгузарро фаъол нигаҳ доштаанд, газ тақсим мегардад.

Абдуҳаким Сӯфиев, раиси "Сомон-Cуғд Газ" ба Радиои Озодӣ гуфт, аз моҳи декабр то соли нави 2021 ба се ҳамсояшаҳри Хуҷанд - Бӯстон, Гулистон ва шаҳраки Ғафуров низ газ интиқол меёбад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Вилояти Суғд аз Узбекистон гази табиӣ мехарад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Эҳтимоли азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон бештаре аз сокинони кишварро хушҳол кардааст. Вале бархе аз онҳо нигаронанд, ки ҳатто дар сурати дубора интиқол шудани гази табиӣ ба манзилашон, онҳо омода нестанд аз он истифода кунанд. Зеро, насби дубораи лӯлаҳои интиқоли газ фурсат ва маблағ мехоҳад.

Моҳбону Бобоҷонова, сокини шаҳри Хуҷанд аз истифодаи таҷҳизотҳои хурди газии моеъ дар ҳарос асту аз пардохти барзиёди маблағи барқ дар зимистон ҳам шикоят дорад. Вале бо вуҷуди ин, хонум Бобоҷонова аз масъулон мехоҳад, барои интиқоли дубораи гази табиӣ бояд барои аҳолӣ сабукӣ диҳанд.

"Аз сабаби онки шароити ҳозираи оилаҳо мушкилтар ҳаст ва ҷойи корӣ надоранду мардҳояшон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Маблағе ки аз Русия мефиристанд ба фикрам то андозае ба сарфу хароҷоти оилаҳо басандагӣ намекунад. Аз ҳамин ҷиҳат хуб мешуд, ки худи корхона дубора то дохили хонаҳои истиқоматӣ қубурҳоро бо ҳисобкунакҳо васл кунанд ва мо ҳам дар ҷавоб кушиш мекунем газпулиро саривақт супорем,"-гуфт ин сокини шаҳри Хуҷанд.

Мутахассисон мегӯянд, азсаргирии дубораи интиқоли газ ба манзили сокинон мушкилиҳое дорад. Чун ба гуфтаи мутахассисон, тӯли ин солҳо фарҳанги истифода аз гази табиӣ дар Тоҷикистон то ҷое бегона шуда ва бештари сокинони кишвар дар хонаҳои худ барои омода кардани ғизо аз гази моеъ истифода мекунанд. Ба ин хотир, бештаре аз соҳибони манзилҳои истиқоматӣ зимни бозсозии хонаҳои худ лӯлаҳои интиқоли гази табииро барчидаанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони ин ниҳод ба он бовар ҳастанд, ки омадани гази табиӣ хеле мушкили хароҷотии аҳолиро сабук мекунад, зеро агар ҳоло нархи як литр гази моеъ бештар аз 4 сомонӣ аст, вале нархи гази онҳо аз 2 сомонӣ қиммат нахоҳад буд. Ба таъкиди онҳо ин нархнома ба тамоми муштариён, яъне корхонаҳои саноатию тиҷоратӣ, нуқтаҳои сӯзишворию нақлиёти мусофиркашонӣ ва истифодаи аҳолӣ дар манзилҳои истиқоматӣ якхел аст.

Масъулини корхонаи "Сомон-Cуғд Газ" гуфтанд, онҳо ҳар куб газро аз Узбекистон бо қиммати 130 доллар мегиранд. Ин нарх даҳ соли қабл ба гуфтаи масъулин, аз 340 то 360 доллар буд.

Коршиносон мегӯянд, ки эҳтимоли азсаргирии воридоти гази табиӣ аз Узбакистон имкон медиҳад дар фасли сармо сарфи нерӯи барқ дар кишвар коҳиш дода шавад. Дар ин сурат, зарурати ҷорӣ кардани маҳдудият дар таъмини нирӯи барқ ҳам тадриҷан аз байн меравад.

Узбекистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро пурра қатъ карда буд. Дар солҳои гузашта давлати Тоҷикистон борҳо талош кард, ки мавзӯи азсаргии воридоти гази табиӣ аз Узбекистонро бо мақомоти кишвари ҳамсоя матраҳ кунад, вале раҳбарияти вақти Тошканд ба раҳбарии Ислом Каримов пайваста ба чунин пешниҳод посухи рад медод.

Аммо баъд аз даргузашти вай ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев эълон кард, ки мехоҳад бо кишварҳои ҳамсоя робитаҳои дӯстонаро барқарор созад. Дар пайванд ба ин робитаҳои доду гирифт ва шартномаҳои тарафайнро дар вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳои баландпояи Тоҷикистон баррасӣ кардаву ба имзо расонидааст. Воридоти гази табиӣ низ ҷузъе аз ин шартномаҳост, ки ба гуфтаи масъулин дар ин авохир ба имзо расидааст.

XS
SM
MD
LG