Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз барвақт расидани сармо огоҳ кард


Умеда Юсуфӣ
Умеда Юсуфӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор дод, ки имсол фасли сармо барвақт мерасад ва ба талафоти ҳосили кишоварзон сабаб хоҳад шуд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи ин ниҳод, аз номи кумита аз кишоварзон даъват кард, ки ҳосили боқимондаро зуд ҷамъоварӣ кунанд ё ба ҳифзи он аз сардиҳо иқдоме рӯйи даст бигиранд.

“Агар ҳоло кишоварзони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ё ноҳияҳои минтақаи Рашту вилояти Бадахшон зуд ҳосилашонро ҷамъ наоранд, талаф хоҳад ёфт. Ин ҳама натиҷаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад”, -- шарҳ дод ӯ.

Умеда Юсуфӣ афзуд, соли 2017 дар аввали моҳи ноябр дар Тоҷикистон боридани барфи аввал мушоҳида шуда буд. Ҳоло, ба иттилои вай, ҳавошиносони Узбекистон хабар додаанд, ки дар ҳафтаи ҷорӣ дар минтақаҳои кӯҳии ин кишвар боридани барф дар назар аст.

Фитрати Ҳикмат, сардабири нашрияи расмӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯяд, кишоварзон аз таҷрибаи ғанӣ бархурдоранд ва омадани сарморо эҳсос мекунанд. Ӯ гуфт: “Воқеан, имсол сардиҳо барвақт расиданд. Роҳбари як хоҷагии деҳқонӣ бароям мегуфт, нахустин сардиҳо аллакай 26-уми сентябр сабаби рехтани баргҳои картошка шуд. Ҳоло онҳо талош доранд, зудтар ҳосилро ҷамъ биоранд. Дар сурати сардиҳои сахт қисме аз ҳосил ногузир нобуд мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, ахиран Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта кишоварзони тоҷик 200 ҳазор тонна камтар картошка гирифтаанд.

Бо дарназардошти баста будани роҳҳои иртиботӣ ин ҳама метавонад дар фасли зимистон сабаби кам шудани пешниҳоди картошка дар бозорҳо ва боло рафтани арзиши он гардад.

XS
SM
MD
LG