Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба анҷоми парвозҳо ба кишварҳои ОМ иҷозат дод, вале номи Тоҷикистон нест


Фурудгоҳи Внуково. Акс аз бойгонӣ
Фурудгоҳи Внуково. Акс аз бойгонӣ

"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои анҷоми парвозҳо ба 24 кишвар иҷозат додааст. Дар ин бора рӯзи 5-уми октябр фармони ниҳоди мазкур содир шуд.

Дар миёни давлатҳое, ки Русия парвози ҳавопаймоҳоро барқарор мекунад, 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистону Туркманистон – номбар шудаанд. Дар ин рӯйхат танҳо номи Тоҷикистон ворид нашудааст. "Росавиатсия" сабаби ворид нашудани Тоҷикистонро ба ин феҳраст шарҳ надодааст.

Фармони мазкур дар ҳолест, ки Валерий Рязанский, муовини раҳбари Кумитаи иҷтимоии Шӯрои федератсияи Русия дар суҳбат бо РИА Новости гуфтааст, бо авҷ гирифтани бемории COVID-19 дар Русия, эҳтимол ин кишвар барои дубора бастани марзҳо ва кам кардани парвозҳо иқдом кунад.

Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия аз нимаи моҳи марти имсол ба ин тараф ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси нав қатъ шудааст. Аз он замон то кунун Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандонаш аз Русия даҳҳо парвози чартерӣ ба роҳ монд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, дарёфти билети бозгашт осон нест ва беҳтар аст парвозҳои доимӣ барқарор шавад.

XS
SM
MD
LG