Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Тоҷикистон тавсия доданд, хотираи қурбониёни ҷангро гиромӣ дорад


Садҳо ҷасади қабрҳои дастҷамъии қаламрави ноҳияи Турсунзода то ҳол шиносоӣ нашудаанд.
Садҳо ҷасади қабрҳои дастҷамъии қаламрави ноҳияи Турсунзода то ҳол шиносоӣ нашудаанд.

Як гурӯҳи хоси Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, сарнавишти онҳоеро, ки дар замони ҷанги дохилӣ беному нишон шудаанд, маълум кунад ва бозмондаҳои ҷасади онҳоро ба азизонашон баргардонад.

Ба гуфтаи коршиносони гурӯҳ, дар сурати ин кор ҳукумати Тоҷикистон метавонад, "захмҳои амиқи боқимонда" аз ҷанги вайронгарро, ки нодида гирифта шудаанд, шифо бахшад.

Гузориши Гурӯҳи кории Созмони Милал барои нопадидшавии маҷбурӣ ва ё ғайриихтиёрӣ охири моҳи сентябри имсол дар нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ баррасӣ шуд. Дар он омадааст, бо гузашти 20 сол аз хатми ҷанги дохилӣ, дар Тоҷикистон барои расидагӣ ба нақзи ҳуқуқ, аз ҷумла нопадидшавии иҷборӣ даст ба кор нашудаанд.

Намояндагони Тоҷикистон дар посухи расмӣ ба Шӯрои Ҳуқуқи Башар гуфтаанд, ки чунин хулоса дуруст нест ва "Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро меандешад, ки ин ҷиноятҳоро ошкор намояд ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашад."

Дар ҷанги дохилӣ, ки соли 1992 байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони давлат оғоз ёфт ва соли 1997 ба поён расид, бештар аз 50 ҳазор нафар кушта, садҳо нафар беному нишон шуданд. То кунун дар минтақаҳои шоҳиди ҷанги дохилӣ суҳбатҳоро дар ин бора мешунавед, ки мегӯянд, "дар инҷо, ё онҷо даҳҳо нафарро кушта, якҷо зери хок кардаанд."

Муаллифони гузориш гуфтаанд, ҳанӯз ҳам дер нашудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон "бо машварат бо тарафҳои дахил сиёсати фарогир барои расидагӣ ба қонуншиканиҳо, аз ҷумла нопадидшаваии маҷбурӣ аз тамоми тарафҳоро таҳия, пешниҳод ва амалӣ кунад."

Ба ҳукумат тавсия додаанд, ки ҳарчӣ зудтар, ҷойҳои дафни афроди нопадидшударо муайян кунад ва боқимондаҳои онҳоеро, ки меёбанд, ҳувияташонро маълум карда, ба азизонашон баргардонанд. Ҳеч оморе дар бораи нопадидшудагон дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон гуфта нашудааст.

Барои ҳамин, коршиносони Созмони Милал хостаанд, як феҳрасти махсуси номи нопадидшудагон дар замони ҷангро таъсис диҳад ва имкон фароҳам оварад хешовандони чунин афрод нотарсида, суроғи азизони худро бигиранд. Ҷамшед Ҳамидов, намояндаи Тоҷикистон дар идораҳои Созмони Милал дар Женева гуфтааст, ин тавсия метавонад мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон рабудану қатл кардани афроде, ки тарафҳои даргир мухолифи ҳукумат ва ё тарафдори ҳукумат мешумориданд, зиёд буд ва ҷасади баъзе аз ин афрод то ҳол ёфт нашудаанд.

Яке аз муаллифони ин гузориши Радиои Озодӣ ҷавонеро медонад, ки дар он замон барои ҷанг ба зидди нерӯҳои Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик ҷалб шуд ва дигар барнагашт. Модари ӯ низ то охири умр писари тақрибан 24-солаашро ҷустуҷӯ мекард ва бо ҳасрати дидори ӯ даргузашт.

Гузориши мазкурро ҳайати коршиносони Гуруҳи кории Созмони Милал барои нопадидшавии маҷбурӣ баъди сафар ба Тоҷикистон дар тобистони соли 2019 таҳия кардааст. Дар гузориш, бо истиқбол аз омодагии ҳукумат барои қабули коршиносон ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон саъй мекунанд, ҷиноятҳои замони ҷангро нодида бигиранд.

Аммо Ҷамшед Ҳамидов, намояндаи Тоҷикистон дар идораҳои Созмони Милал дар шаҳри Женева дар ҷаласаи Шӯрои Ҳуқуқи Башар гуфт, ҳукумат дар ин солҳо саъй кардааст, сарнавишти афроди нопадидшударо маълум кунад. Ӯ рӯзи 21-уми сентябр дар нишасти шӯро гуфт, бино ба маълумоти мавҷуд аз соли 1992 то соли 2012 дар Тоҷикистон 7 нафар нопадид шудаанд.

Ӯ аз Айниддин Содиқов, Қодиршоҳ Мастоншоев, Шакаршоҳ Мирзошоев, Маҳмадраҳим Маҳмадризобеков, Ризоалӣ Аҷиев ва Наимҷон Наимхонов ном бурд, ки "се нафари онҳоро афроди ношинос кушта ва зери хок кардаанд". Ба гуфтаи Ҷамшед Ҳамидов, то кунун парвандаи мазкур баста нашудааст ва ҷустуҷӯи омилони ҷиноят идома дорад. Гуруҳи корӣ мегӯяд, ки 10 парвандаи нопадидшавии маҷбурӣ аз Тоҷикистонро дорад.

Дар гузориши Созмони Милал ҳамчунин аз он гуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон, яке аз тарафҳои мухолифат дар замони ҷанги дохилӣ, Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломиро созмони террористӣ эълон кард. Дар хулосаи гузориш омадааст, “бадгӯӣ дар ҳаққи ҳар касе, ки ба мухолифон робита дорад ва ё ҳар касе, ки мехоҳад, сукутро бишканад ва дар бораи гузашта суҳбат кунад, ба пешрафти Тоҷикистон халал мерасонад."

Ҷамшед Ҳамидов зимни суханронӣ дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дигарбора мавқеи ҳукумати Тоҷикистонро такрор кард, ки мегӯяд, Ҳизби наҳзати исломӣ “як созмони террористӣ аст” ва дар ҳодисаи, ба гуфтаи мақомот, ошӯби нофарҷоми соли 2015 даст дорад, ки дар натиҷаи он 50 корманди мақомоти интизомӣ кушта шуданд. Ҳизби наҳзати исломӣ тамоми иддаоҳоро дар бораи нақш доштан дар ин ҳодиса рад мекунад ва мегӯяд, ҳукумат бо ҳамин баҳона ин ҳизби мухолифи давлатро аз саҳнаи сиёсӣ дур кард.

Дар гузориши 17-саҳифаии Гуруҳи кории Созмони Милал барои нопадидшавии маҷбурӣ ҳамчунин аз он ёдовар шудаанд, ки вақтҳои ахир чанде аз аъзои гуруҳҳои мухолифи давлат баногоҳ дар хориҷ нопадид мешаванд ва сипас онҳоро дар Тоҷикистон меёбанду ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" дар ду-се соли ахир борҳо гузориш додаанд, ки аъзои онҳоро дар Русия рабуда, ба Тоҷикистон бурда ва бо иттиҳомоти беасос зиндонӣ кардаанд. Яке аз тавсияҳои гурӯҳ ба давлати Тоҷикистон ин аст, ки рӯзи махсуси гиромидошти хотираи тамоми қурбониёни ҷанги дохилӣ эълон кунад ва барои онҳое, ки беномунишон шудаанд, пайкара бунёд намояд.

XS
SM
MD
LG