Дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз шуд.
Маъмурияти театрҳо бинобар хавфи сирояти коронавируси нав тамошобинонро бо риояи фосилаи ҷисмонӣ ба тамошои намоишномаҳо даъват карданд, аммо театри ба номи Туҳфа Фозилова дар шаҳри Конибодом роҳи дигарро пеш гирифт ва бори аввал намоиши онлайниро ба роҳ монд.
“Бозичаҳо”‑и театри Конибодомро дар Ютуб ва саҳифаҳои дигари иҷтимоӣ ҳазорҳо кас дидаанд.
Пештар густариши бемории COVID-19 масъулони Осорхонаи миллии Тоҷикистонро низ водор карда буд, ки сайр ё экскурсияи маҷозиро ба роҳ монанд.
Ғайрат Қодиров, мудири театр, рӯзи 2-юми октябр гуфт, ҳарчанд барои чунин шакли пешниҳод мушкили фанниву иқтисодӣ вуҷуд дошт, барои наздикӣ бо тамошобинҳо омода буданд, ҳама монеаҳоро гузаранд.
Ӯ гуфт: “Дар даврони пандемия тамошобинҳоро хеле пазмон шудем. Аслан намоиши театрӣ иҷрои зинда аст ва бо тамошобин додугирифти энерҷӣ дорад. Дар вазъияти ҳозира кӯшиш кардем, ки тамошобини хешро бо намоиши нави “Бозичаҳо” онлайн хушҳол созем”.
Барои сабти намоиш наворбардорони касбиро бо дастгоҳҳои зиёди наворгирӣ даъват карда буданд ва беш аз ду ҳафта танзиму тадвин намудаанд. Барои ҷалби доираи васеи тамошобинон дар поини навори мустақим зернавишт ё субтитрро бо забони русӣ ҳамроҳ карда буданд.
Фаррух Воҳидов, ҳунарманд ва масъули саҳифаҳои интернетии театр мегӯяд: “Мо пештар медонистем, ки дар Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳатто Узбекистон чунин намоишҳои онлайнӣ, пахши мустақим дар телевизиону саҳифаҳои интернетӣ вуҷуд доштанд. Мо ҳам фикр кардем ва гуфтем, ки аз онҳо чӣ камӣ дорем ва кӯшиш мекунем”.
Ҳарчанд сафи корбарони саҳифаи театр дар Ютуб тақрибан дусад нафар аст, дар муддати камтар аз як ҳафта қариб ду ҳазор кас намоишро дидаанд.
Даромади асосии намоишҳои театрӣ аз ҳисоби фурӯши билетҳо ва сафарҳои ҳунарӣ аст. Чун дар ин шакли тақдим фоидае аз тамошобин ба даст намеоранд, Институти ҷамъияти кушодаи Бунёди мадад дар Тоҷикистон ба ҳунармандони ҷавон ёрии молӣ кардааст.
Ғайрат Қодиров, мудири театри Конибодом мегӯяд: “Умед дорем, дар оянда барои канали худ дар Ютуб тамошобину корбари бештарро ҷалб мекунем. Шояд дар оянда як роҳи нави даромад ҳам барои театр пайдо мешавад”.
Қурбон Бобоҷонов, саркоргардони пешини театри ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиши «Бозичаҳо»-ро ба таври онлайн дидааст. “Пайдо гаштани намоиши онлайн аз он дарак медиҳад, ки дар театр ҷавонони асри 21 кор мекунанд. Ба андешаи ман, дар театрҳои дигар як гуруҳ аз калонсолоне кор мекунанд, ки аз ин намуди тақдими барномаҳои театрӣ огоҳ нестанд. Ин як навъ конфликти дохилие аст, ки барои пешрафти ҳамон театр монеъ мешавад”, -- шарҳ дод ӯ.
Ҳоло ҳунармандони театри Конибодом намоиши дуюми онлайни худро бо номи Карлсон аз рӯйи асари нависандаи шведӣ Астрид Лингрен омода мекунанд. Бо вуҷуди дарёфти иҷозаи намоиш дар толор бо ҳузури бинандаҳо, мехоҳанд, аввал тавассути пахши мустақим дар Ютуб манзури ҳаводорон гардонанд.
Ҳоло ҳудуди 15 ҳунарманди ҷавон дар театри Конибодом кор мекунанд ва дар гузашта намоишҳои “Суди девонагон” ва “Қорӣ Ишкамба”-ро рӯйи саҳна овардаанд.
Аксар театрҳои Тоҷикистон худкифо нестанд ва дар мавқеи давлатӣ ё нимарасмӣ фаъолият мекунанд. Онҳо аз назари молӣ дастнигаранд ва барои ба саҳна гузоштани намоише ба сармоягузорӣ эҳтиёҷ доранд.
Набудани саҳнаҳои ҷолибу диданӣ, маоши ками ҳунармандон, сензураи нонавишта ба мавзуъҳои сиёсӣ ва кам будани тамошобинон аз мушкили онҳо гуфта мешавад. Вале мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки театр бахши муҳими фарҳанг аст ва онҳо барои рушди он тамоми талоши худро кардаанд.