Дар Тоҷикистон 7 хонаи пиронсолон ҳаст, ки дар онҷо беш аз ҳазор шахси маъюбу солманд зиндагӣ мекунанд. Бархе аз онҳоро наздиконашон дар айёми пириву дастнигарӣ танҳо гузоштаанд, бархеи дигар бехонаву дар мондаанд.
Тоҷикистон кишвари суннатӣ аст ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои волидонро аз хурдӣ ба кӯдакон мефаҳмонанд. Соли 2017 порлумони Тоҷикистон иловаҳоро ба қонуни ҷиноӣ қабул кард, ки бинобар он фарзандоне, ки барқасдона аз нигоҳубини падару модари барҷомонда даст мекашанд, то се сол зиндонӣ мешаванд. Ҷомеашиносон мегӯянд, солҳои ахир, бинобар вазъи бади иқтисодӣ, ин суннат камранг шудааст.
1-уми октябр бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1990 Рӯзи байналмилалии мардуми солдида эълон шудааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ин рӯз ба хонаи пиронсолон дар деҳаи Батоши шаҳри Турсунзода рафтанд ва зиндагии танҳо яке аз онҳоро ба тасвир кашиданд.
ГУЗОРИШРО ДАР ИНҶО ТАМОШО КУНЕД:
Валихон Одинаев, ки то се сол пеш танҳо буд ва ҷое барои рафтан надошт, дар хонаи пиронсолони деҳаи Батоши шаҳри Турсунзода сарпаноҳ ёфт.
Ин макон ҷойи зисти тақрибан 200 солманд ва шахсони маъюбу бекас аст. Бошандагонаш гирди ҳам меоянд, аз дардҳо ва рӯзҳои хуби зиндагии худ мегӯянд. Онҳоро сарнавиштҳои гуногун, аммо дар охир танҳоиву бекасӣ дар инҷо ҷойгир кардааст.
Валихон Одинаеви 67-сола аз шаҳри Душанбе аст. Мегӯяд, ки ҷойи зану фарзанд ва азизони дигарро дар хонаи солмандон ҳамтақдиронаш пур кардаанд.
Вай нақл кард, ки замоне хушбахт ва соҳиби зану фарзанд буд, хонаву ҷойи кори хуб ҳам дошт, аммо марги фарзанди дуюм сабаби ҷудошавии ӯ аз зани аввалаш шуд. "Соҳиби як духтар будем. Вақте кӯдаки дувум дар батни ҳамсарам фавтидааст ва инро аз ман пинҳон кард, бароям сахт расид. Пас аз он, нофаҳмиҳо дар оила зиёд шуд ва мо аз якдигар ҷудо шудем. Духтарам бо модараш монд. Шунидам, ки духтарам ҳоло дар шаҳри Оренбурги Русия зиндагӣ мекунад", -- ба ёд овард ӯ.
Баъд аз бист сол дубора издивоҷ кардааст: "Зиндагӣ бо ҳамсари дуюм ҳам зиёд дароз накашид. Баробари рафтани ҳамсарон, ду хонаам дар Душанбе аз даст рафт. Манзили якумро ҳамсари аввал гирифт, хонаи дуюмро ҳамсари дувум. Рӯзе ба суроғи хонаҳо рафтам, гуфтанд, ки фурӯхта шудааст. Баъд аз марги падару модар барои бародаронам нафари нолозим шудам ва ба хонаи пиронсолон омадам."
Ҳар нафари дувум дар хонаи пиронсолони Батош дар шаҳри Турсунзода бекасу танҳо будаанд. Боқимондаро пайвандон гузошта рафтаанд.
Солхӯрдаҳо аз наздиконашон гиламанд нестанд, аммо мехоҳанд гоҳ-гоҳе аз аҳволашон хабар гиранд. Валихон Одинаеву ҳамтақдиронаш розшунави якдигаранд. Дар суҳбатҳояшон аз арзишҳои инсониву муҳаббат дар хонаводаҳо мегӯянд.
Валихон Одинаев мегӯяд: "Чанде пеш яке аз падароне, ки худро барои фарзандон бахшида буд, дар хонаи солмандон даргузашт ва ҷасади ӯро раҳбарият ва бошандагони муассиса дафн карданд."
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон нигоҳубини кӯҳансолону кӯдакон, махсусан волидон қарзи фарзандӣ шумурда мешуд. Фарзандоне, ки дар парастории волидони пиронсоли хеш кӯтоҳӣ мекарданд, аз сӯйи ҷомеа мавриди накӯҳиш қарор мегирифтанд.
Ҷомеашиносон мегӯянд, солҳои охир шумори онҳое, ки даврони пириро дар хонаи кӯҳансолон мегузаронанд, бештар мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҳафт хонаи солмандон вуҷуд дорад, ки дар онҳо бештар аз ҳазор нафари маъюбу афроди пиронсол ба сар мебаранд. Валихон Одинаев мегӯяд, ӯ ва сокинони дигари хонаи пиронсолон ба тақдир тан додаанд, аммо ҳанӯз чашм ба роҳ ҳастанд, ба тағйирот дар зиндагиашон умед доранд.