Филмсози маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров, агар зинда мебуд, рӯзи 30-юми сентябр 100-сола мешуд. Ӯ 58 сол умр дид ва аз як омӯзгори оддии забони тоҷикӣ дар мактаби миёнаи Сталинобод (Душанбеи ҳозира) ба яке аз коргардонҳои машҳур табдил ёфт ва номи худро дар таърихи синамои тоҷик гузошт. Поёни умраш фоҷиаомез буд ва нагузошт, ки орзуяшро барои сохтани филме дар бораи Фирдавсӣ амалӣ кунад.
Борис Кимёгаров дар 39-солагӣ саргузашти Рӯдакиро дар филме аз рӯйи асари Сотим Улуғзода "Қисмати шоир" бозгӯ кард ва филми ӯ дар соли 1960 "Уқоби тилоӣ" – ҷоизаи ҷашнвораи филмҳои Осиёву Африқоро дар Қоҳира гирифт.
"Ливои оҳангар", ки соли 1961 эҷод шуд, гӯё ливои ҳунари Кимёгаров гашт ва дар давоми 15 соли баъдаш роҳро барои таҳияи "Достони Рустам", "Рустаму Сӯҳроб" ва "Достони Сиёвуш" ҳамвор кард. Номи Кимёгаров дар таърихи филми тоҷик ба ҳайси муаллифи филмҳои таърихиву ҳамосӣ сабт шудааст
Наздикону ҳамкорони Кимёгаров мегӯянд, оғози солҳои 70-ум, яъне дар авҷи филмсозиҳояш дар сатҳи ҳукумат моҷаро бархост: худи Кимёгарову тими ҳунарии ӯро гӯё барои азхудкунии пулҳои калон айбдор карданд, чанд нафар аз ҳамкорон ҳабс шуданд. Кимёгаров як рӯз дар боздошт буд ва ба суолҳои тафтишот посух дод.
Мегӯянд, бо ёрии Мирзо Турсунзодаву Давлат Худоназаров озод карданд, вале ин ҳама зарбаҳо ба саломатияш бетаъсир намонд. Ӯ ҳангоми як ҷарроҳӣ ҳангоми як амалиёти ҷарроҳӣ дигар ба ҳуш наомад ва даргузашт.
Дар солҳои 90-ум фарзанди ягонаи коргардон Лилия Кимёгарова ба Исроил кӯчид. Ӯ мегӯяд, агар падараш зинда мебуд, ҳеч гоҳ Тоҷикистонро тарк намекард, чунки ошиқи Тоҷикистон ва синамо буд.
Филми мустанадро дар инҷо бинед:
Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон:
“Шахсияти Борис Алексеевич Кимёгаров ҳамвазни шахсиятҳои маъруфу тавонои Тоҷикистон ба мисли Мирзо Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров аст. Мисли шахсиятҳоест, ки дар замони Шӯравии пешин ҷумҳурии Тоҷикистонро сохтанд. Борис Кимёгаров вақте ба Тоҷикистон омад, синамои тоҷикро роҳбарӣ ва роҳнамоӣ кард. Бахусус, вақте ки аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома” асарҳои безаволи худро сохт. Вақте ба “Шоҳнома” рӯй оварданд, воқеан, симои Рустам ва шахсиятҳои дигари асотириву таърихии мо ба як чеҳраи муосири тоҷик табдил шуд. Ҳувияти моро ба мо тақдим кард, ба мо муаррифӣ кард, ки тоҷикон чӣ гуна миллатанд. Ин хеле муҳим аст.”
Марям Исоева, ҳунарпеша:
“Дар Тоҷикистон театрҳо ва киностудия кушода шуданд ва Борис Кимёгаров бо хоҳиши худ аз Самарқанд ба Душанбе омад. Забони тоҷикӣ ва урфу одати тоҷиконро бисёр хуб медонист ва касе ӯро яҳудӣ намегуфт. Баъд Борис Алексеевич каме бемор шуд, тафтишҳо сар шуд. Замона дигар мешуд. Кимёгаровро бо ин бузургиашон зери по карданд. Замоне фаро расида буд, ки ба ҳамагон баёни ҳарфҳои қабеҳу носазо иҷоза дода шуд.”
Филмро дар Ютуб бинед:
Заур Дахте, наворбардор:
“Вақте панҷоҳсолагиашонро ҷашн мегирифтем, дар хотир дорам, Гулҷаҳон Бобосодиқова аз номи давлат сухани табрикӣ карда, гуфт, мо Бенсион Ариевичро табрик мегӯем. Бори аввал номи Кимёгаров дар Тоҷикистон чунин садо дод. Бечора сарашро хам карда нишаст. Борис Кимёгаров аз ҳама бештар ба идеологияи СК (Кумитаи марказии Ҳизби коммунист) аҳамият медод. Пештар ҳамаи филмҳояш сиёсӣ буданд. Яъне, дар чаҳорчӯби сиёсати Ҳизби коммунисти Тоҷикистони Шӯравӣ, дар бораи пахта ва обёрии заминҳо буд. Дертар дарк кард, ки ин филмҳо чандон писанди тамошобин нестанд. Баъд аз таҳияи филми “Коваи оҳангар” дарк кард, ки мавзуъҳои таърихӣ беҳтар аст. Баъд аз ин филм ба наворгирии “Достони Рустам” ва сипас ба ду қисмати “Рустам ва Сӯҳроб” ва “Достони Сиёвуш” иқдом кард. Филми охирин бояд дар бораи худи Фирдавсӣ мешуд. Яъне, “Шоҳнома” аз чӣ шуруъ шуд ва худи Фирдавсӣ бо чӣ онро анҷом дод. Намоишномаи филмро худи Кимёгаров дарк мекард. Зеро вай ҳарфҳои нонавишта миёни сатрҳоро мефаҳмид, вале баъд аз фавташ на Давлат Худойназаров ва на Тоҳир Собиров намоишномаро дарк ва ҷуръати наворгирии онро накарданд.”
Файзулло Файз, коргардони синамо:
“Ҳамагӣ медонанд, ки миллаташ яҳуд буд ва бароям ҷолиб буд, ки чӣ тавр як яҳуд ин қадар ошиқи тоҷикон шудааст. Он қадар ошиқи фарҳанги тоҷикон шудааст, ки тамоми умри худро дар Тоҷикистон сипарӣ кард. Дар ин ҷо худро ба мавзӯи фарҳангии тоҷикон бахшид ва дар ниҳоят дар ин ҷо хок шуд.
Лилиана Кимёгарова, духтари Борис Кимёгаров:
“Боре аз падарам пурсидам, ки чаро бештар ба адабиёти классикӣ рӯй меоваранд. Дар ҷараёни сӯҳбатҳо дарк кардам, ки ин гурез аз воқеияти дурӯғин будааст. Бузургии Фирдавсӣ дар он аст, ки дар замони ҷангҳои хонумонсӯз, вақте зиндагӣ беқадр шуда буд, дар сиришти инсон талоши сулҳ, некӣ ва муҳаббатро дид. Ин нукта Борис Кимёгаровро мафтун карда буд. Зеро худаш ба сулҳу муҳаббат ва комгорӣ талош мекард. Охир, вай худ ошиқи зиндагӣ буд. Вақте дар бораи падарам фикр мекунам, суханони адиберо ба ёд меорам, ки гуфта буд, ҳунар бояд аз рӯйи муҳаббат бошад, на аз рӯйи ҳисобу китоб. Фикр мекунам, тамоми зиндагии падарам як навъ изҳори муҳаббат ба синамо буд. Ҳоло дар мо карантин аст ва, мутаассифона, наметавонем сарҷамъ оем. Аммо баъд аз бартараф шудани хатари вирус мо ҳама сарҷамъ мешавему ин зодрӯзи падарамро ҷашн хоҳем гирифт. Вале 30-юми сентябр дар зодрӯзи падарам ҳатман филми дӯстдоштаи худ, филми офаридаи падарам “Достони Сиёвуш”-ро тамошо мекунам. Ҳамин тавр, ман зодрӯз ва садсолагии падарамро таҷлил мекунам.”