Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав. Муҳоҷирон мегӯянд, дар шароити бад ҳастанд. ВИДЕО


Боздошти 40 муҳоҷири тоҷик дар Маскав
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Боздошти 40 муҳоҷири тоҷик дар Маскав

Пулиси Русия шаби 28-уми сентябр тақрибан 40 муҳоҷири тоҷикро дар ноҳияи Одинтсовои Маскав боздошт кардааст. Муҳоҷирон мегӯянд, як рӯз боз гурусна ва дар шароити нохуб ҳастанд. Пулис гуфтааст, муҳоҷиронро ба сабаби надоштани патент ё иҷозаи кор дар ноҳияи Одинтсово дастгир кардааст.

Яке аз муҳоҷирони боздоштшуда бо ирсоли навор рӯзи 29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳоро шоми гузашта ба Шуъбаи пулис бурда, маҷбур кардаанд, фаршҳои биноро бишӯянд. "Аз гуруснагӣ мадори аз ҷо боло шудан надорем. Хеле вазъиятамон нохуб аст", -- нақл кард муҳоҷири боздоштшуда.

Дар консулгарии Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ки аз боздошти муҳоҷирон хабар доранд ва дар доираи қонун ба онҳо кумак мерасонанд.

Муҳаммад Собиров, як фаъоли ҳуқуқ дар Русия, ки боздошти ин гурӯҳи муҳоҷиронро пайгирӣ кардааст, мегӯяд, "онҳоро ба додгоҳ бурдаанд". Ба гуфтаи ӯ, "аксарияти боздоштшудаҳо патенти Маскав доранд, ки бо он кор кардан дар Одинтсово мумкин нест".

Бар асоси қонунҳои Русия муҳоҷирон дар ҳар шаҳре, ки патент ё худ иҷозаи кор доранд, бояд дар он ҷо кор кунанд. "Бар асоси қонун онҳоро панҷ ҳазор рубл ҷарима мекунанд, вале то моҳи декабр ҳақ надоранд, аз Русия ихроҷ намоянд. Муҳоҷирон баъди ҷарима шудан метавонанд, аз нав патент кунанд ва кор кунанд", -- гуфт ӯ.

Ин фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, агар берун аз қонун бо онҳо бархӯрд шавад, барои баррасии арзи онҳо дар мақомоти Русия талош хоҳанд кард.

Рӯзи 9-уми сентябр низ ҳудуди 50 муҳоҷири тоҷик дар ноҳияи Шербинкаи вилояти Маскав гуфтанд, субҳи барвақт аз тарафи шахсоне, ки ба иддаои онҳо “дар тан либоси кормандони дастаи зудамал ё ОМОН-и Русияро доштанд”, латукӯб шудаанд.

Навори лаҳзаи латукӯб шудани муҳоҷирон ба дасти Радиои Озодӣ низ расида буд. Дар яке аз наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷиронро афроди ниқобпӯш аз бинои баландошёна ба саҳни ҳавлӣ берун карда, бо чӯбдаст дар пой ва пушти онҳо мезананд.

Ба ин ҳодиса созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон таваҷҷӯҳ карданд, вале аксари муҳоҷирон аз шикоят ба идораҳои дахлдор худдорӣ карданд. Онҳо мегӯянд, дар низоми додгоҳии Русия ҳаққи муҳоҷирон одилона ҳимоя намешавад. Дар ниҳоят, чунин баҳсҳо ба манфиати мақомоти Русия ҳал мешавад ва онҳо аз ҳаққи кор дар ин кишвар маҳрум мегарданд.

Ба ҳисобҳои расмӣ, ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон солона барои кор ба Русия мераванд. Пайваста аз нақз шудани ҳуқуқи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG