Қурбоной Зарифова, сокини 32-солаи ноҳияи Ёвон бо духтари 10-солааш худро ба дарёи Вахш андохтааст ва мақомот мегӯянд, ки ҷасадҳои онҳоро ним соат баъд аз ҳодиса аз дарё берун оварданд. Ҳодиса рӯзи якшанбеи 27-уми сентябр дар шаҳри Норак иттифоқ афтодааст. Ҷасади ин зан ва духтараш ҳоло дар сардхона нигоҳ дошта мешаванд.
Ба гуфтаи Файзулло Ҳусейнзода, як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳукумати шаҳри Норак, ин зан аз болои як пул худу духтарашро ба дарё андохтааст ва ҷасади онҳоро 30 метр поинтар аз маҳалли ҳодиса аз дарё берун оварданд.
Ӯ гуфт, ки сабаби ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест, вале ин зан аз хона баромада ва гуфтааст, ки ба бозор меравад. Ба гуфтаи Файзуллоҳ Ҳусейнзода, ин зан дар маконе, ки худро ба дарё андохт "пойафзолашро мондааст, дар халтааш корти бонкӣ, пул ва шиносномааш будааст"
Шоҳидон ва чанд масъул аз ҳукумати шаҳри Норак гуфтанд, ки эҳтимолан хушунату ноумедӣ ва мушкили иқтисоди сабаб шудааст, ки зани ҷавон худ ва духтари ноболиғашро ба дарё андохтааст.
Аз ҳукумати ноҳияи Ёвон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло ҷузъиёт ва сабаби худкуширо маълум накардаанд. Тахмина Ҳоҷиева, роҳбари бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Ёвон гуфт, ки аз ҳодиса тоза хабардор шуданд ва ҳоло ба манзили ин зан мераванд, то ангезаҳои даст ба чунин кор задани Қурбоной Зарифоваро маълум кунанд.
Дар солҳои ахир чанд ҳодисае расонаӣ шуд, ки занон ҳамроҳ бо фарзандон қасд ба ҷони худ карданд. Моҳи августи имсол як зани 30-сола дар ноҳияи Рашт худ ва се кӯдакашро ба дарё партофта, худкушӣ кард. Кӯдакон 3, 6 ва 9-сола буданд.
Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Пеш аз ин як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, худ наҷот ёфт, вале боис ба ҳалокати се кӯдакаш шуд.