Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Аврупо "Бунёди Бузургмеҳр Ёров"-ро таъсис доданд


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Дар Лаҳистон (Полша) як созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсонро таъсис доданд, ки ба номи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров гузошта шудааст.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳайати созмон 10 нафар ҳастанд ва "ба масъалаи маҳбусони сиёсӣ ва сарнавишти маҳбусони, ба истилоҳ, виҷдон, аз ҷумла хабарнигори зиндонӣ Далер Шарифов машғул хоҳанд шуд."

Ёров афзуд, "Бунёди Бузургмеҳр" дар назар дорад, дар оянда натанҳо кумаки ҳуқуқӣ кунад, балки ба наздикони маҳбусони, ба гуфтаи ӯ, сиёсӣ ёрии моддӣ расонад.

Бузургмеҳр Ёровро моҳи октябри соли 2016 бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои "таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент" 5 соли дигар изофа кард. Соли гузашта бар асоси Қонуни авф ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд.

Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳеч гоҳ айбҳои эълонкардаи мақомотро эътироф накардаанд ва мегӯянд, парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Ёров ва наздиконаш пештар гуфтаанд, боздошти адвокати шинохта фақат ба хотири ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд. Бузургмеҳр Ёров соли 2015 ва пеш аз боздошт аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи раёсати ин ҳизб ҳимоят мекард. Мақомот чунин иддаоро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG