Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон дар СММ гуфт, эҳтимол дорад иқтисодиёти Тоҷикистон имсол $2 млрд зарар бинад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар 75-умин нишасти солонаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки соли равон зарари умумӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон метавонад зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил диҳад ва дар оянда ҳам афзоиш ёбад.

Нишасти Маҷмаи Умумии СММ бинобар пандемияи фарогири КОВИД-19 имсол ба таври маҷозӣ ё онлайнӣ баргузор мешавад ва сарони кишварҳо ба таври видеоӣ дар ин ҳамоиш суханронӣ мекунанд.

Дар матни суханронии Эмомалӣ Раҳмон, ки расонаҳои давлатӣ онро нашр карданд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бештар сари пайомадҳои пандемияи фарогири COVID-19, мубориза бо терроризм ва экстремизм ва вазъи амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон суҳбат карда, аз таҳдидҳое ном бурдааст, ки барои муқобила бо онҳо кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба ё мултилатерализм ниёз доранд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро аз лиҳози сиёсӣ пойбанди Русия ва иқтисодӣ вобастаи Чин меноманд. Ахиран Душанбе аз Пекин дархост кардааст, шароити қарзҳояшро ба Тоҷикистон дар шароити ҳамагири COVID-19 сабуктар кунад.

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, пандемия ба сармоягузории хориҷӣ, тиҷорат, сайёҳӣ ва ба вижа фаъолиятҳои нақлиётӣ таъсир расонда, боиси паст рафтани тамоми соҳаҳои иқтисод шудааст. Президент Раҳмон гуфтааст, ки чунин ҳолат дар баробари рушди Тоҷикистон душвориҳои зиёди бесобиқаро ба бор меорад. Дар ин замина коҳиши 40 дарсадии пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҷудогона зикр наёфт. Мақомоти Тоҷикистон одатан саҳми маблағҳои мефиристодаи муҳоҷирони кориро дар чархиши иқтисоди ин кишвар қоил нестанд.

Оқои Раҳмон дар бахше дигар аз суханрониаш ба ҳамкорӣ бо ниҳодҳои СММ таъкид карда ва гуфтааст, ки ният доранд номзадии Тоҷикистонро ба узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти Созмон барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намоянд.

Нигаронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз пайомадҳои пандемияи фарогир ба иқтисодиёти кишвараш дар ҳоле аст, ки аз моҳи март ба ин тараф парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистон қатъ шуда, арсаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, ки як бахши пурдаромади иқтисод ба шумор мераванд, тақрибан аз даромад бозмондааст.

XS
SM
MD
LG