"Давлати пирӣ" хулосаи достони як марду зани кӯҳансол дар ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки се набераи маълули худро ба танҳоӣ калон мекунанд.
Майдагул Шарипова ва Маҳмадӣ Шарипов шикоят карданд, ки мақомот маълулии кӯдаконро напазируфтанд ва ба онҳо кумаки иҷтимоӣ нарасонданд. Зеро мебоист, ин тифлон, ки маъюбии онҳо бе заррабин ҳам аён буд, аз таҳқиқи тиббӣ гузаранд. Барои ин зиёда аз 4000 сомонӣ зарур буд. Бобо ва бибӣ, ки нафақаашон на бештар аз 300 сомонист, ин имконро надоштанд.
Радиои Озодӣ моҳи июли имсол дар бораи зиндагии онҳо бо номи "Бобову бибӣ бо се набераи маъюб. Шӯрбахтие дар деҳаи Шӯриён" гузориш дод. Аз замони нашри қисса ду моҳ гузашт ва дар сафари ахир хабарнигорони мо мушоҳида карданд, ки дар зиндагии ин оила чанд тағйироти муҳим рух додааст.
Даҳҳо нафар ба мадади хонавода шитофтаанд ва акнун натанҳо дар чеҳраи қаблан маҳзуни кӯдакон ханда пайдо шудааст, балки сиҳатии онҳо ҳам то ҷое беҳбуд ёфтааст.
Мустанадро дар инҷо бинед:
Дар Ютуб бинед: