Баъд аз ду моҳи марги зани ҳомила ва тифли батнаш дар ноҳияи Файзобод як пизишки зоишгоҳро аз кор рондаанд. Пайвандони Фарида Шарифова дар марги ӯ Шарқия Мирзоеваро муқассир медонистанд. Пизишк дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ ин иттиҳомро рад карда буд.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр бе зикри номаш гуфт, Шарқия Мирзоеваро дар аввали моҳи сентябр аз кор ронданд. “Сабаби барканориаш ба инобат нагирифтани бемориҳои ҳамрадифи зани ҳомила ҳангоми таваллуд аст”, -- афзуд мусоҳиби мо.
Фарида Шарифова, сокини 30-солаи Файзобод, рӯзи 16-уми июли имсол дар таваллудхонаи ноҳия фавтид. Хешовандонаш мегӯянд, ӯ ҳеч бемории ҷиддӣ надошт ва бо дарди маъмулии таваллуди кӯдак ба зоишгоҳ рафта буд.
Аммааш Зубайда Шарифова мегӯяд, “хунукназарии пизишкон” сабаби марги Фарида Шарифова шудааст. Вай иддао дорад, пизишкон ба бародарзодааш доруе додаанд, ки “ба ҳамли зудтар мусоидат мекунад”.
Шарқия Мирзоева, пизишке, ки дар ин кор ангушти иттиҳом ба сӯяш дароз шудааст, дар суҳбатҳои пешинаи худ бо Радиои Озодӣ иддаои хонаводаи занро рад карда буд. Ӯ гуфта буд, барои наҷоти ҷони Фарида Шарифова тамоми талошро карданд, вале бенатиҷа анҷом ёфт.
Мирзоева рӯзи 16-уми сентябр дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ хабари барканорияшро шарҳ надод. Танҳо гуфт, ба ин суол бояд аз раҳбарияти бемористон посух гирем.
Дар ҳамин ҳол, Баргӣ Акрамова, мудири таваллудхонае, ки Мирзоева дар онҷо кор мекард, рӯзи 16-уми сентябр гуфт: “Аз рузе ки таҳқиқи ҳодиса шуруъ шуд, Шарқия Мирзоева то ҳол ба кор наомадааст. Фармони барканорияшро раҳбарон бояд бигӯянд”.
Пас аз марги Фарида Шарифова ва тифли батнаш хонаводаи ӯ ба мақомоти тафтишотӣ шикоят карданд. Додситонии ноҳия таҳқиқи қазияро зери назари худ дошт.
Аз ҷумла, пайвандони зан аз раиси ҷумҳур ва вазири тандурустӣ хостанд омилони марги модари ҷавон ҷазо гиранд. Дар ин муддат ду пизишки маркази саломатии ноҳияи Файзобод шикоят карданд, ки вазорат онҳоро аз вазифа сабукдӯш карданист, аммо ҳамсуҳбати мо дар вазорат гуфт, “онҳо ба корашон идома медиҳанд, чун ба марги зан рабте надоштаанд”.
Хабари барканории Шарқия Мирзоева дар ҳолест, ки пайвандони Фарида Шарифова мегӯянд, то замоне ки фармони аз кор рафтани ӯро бо чашми худ набинанд, бовар нахоҳанд кард. Зубайда Шарифова, аммаи Фарида Шарифова гуфт: “Фаҳмидам, ки Шарқия дар таваллудхона навбатдор меистад. Ҳатто рӯзҳои кории ӯ дар нақшаи навбатдорони зоишгоҳ будааст. Агар чунин нест, пас, чаро мудири беморхона ва таваллудхонаи Файзобод барканории ӯро шарҳ намедиҳанд?”
Волидони Фарида Шарифова, ки аз ӯ се фарзанд мондааст, аз аввал пофишорӣ доранд ва аз мақомот мехоҳанд, ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ ва аз маргумири модарони дигар пешгирӣ шавад. Пизишкон ба бегуноҳии худ ва ҳамзамон таҳқиқи мунсифонаи ҳодиса таъкид доранд.
Бино ба омори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар Тоҷикистон аз миёни ҳар 100 ҳазор модар ҳангоми таваллуд 24 нафар мефавтанд. Ин сабаб ҳам зикр гаштааст, ки барои фавти занон ҳангоми таваллуд ва беморони дигар бар асари хатои пизишкон тақрибан касе ҷазо намегирад ва биноан вазъ ҳам кам тағйир мекунад.