Рӯзи якшанбеи 13-уми сентябр беш аз 100 ҳазор нафар дар Белорус алайҳи Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури ин кишвар даст ба эътироз заданд. Аммо вазорати умури дохилии Белорус гуфтааст, танҳо "се ҳазор нафар" дар эътирозҳо иштирок доштанд ва 250 нафар аз онҳо, ки шиорҳои бо мазмуни "тавҳиномез" дар даст доштанд, боздошт шуданд.
Ин дар ҳоле аст, ки хабаргузории "Рейтерз" аз муҳосираи эътирозгарон аз сӯи нерӯҳои интизомии Белорус ва боздошту латукӯби онҳо хабар додааст.
Хабаргузориҳои "Рейтерз" ва "Ал-Ҷазира" шумораи ширкаткунандаҳо дар эътирозҳои рӯзи якшанберо беш аз 100 ҳазор нафар гузориш додаанд ва рӯзномаи "Guardian" аз иштироки беш аз 10 ҳазор зан дар эътирозҳои ин рӯз хабар дода ва онро "инқилоби занон" хондааст. Хусусан инки раҳбарии мухолифон низ дар дасти як зан -- Светлана Тихановская, рақиби интихоботии Лукашенко аст.
"Зинда бод Беларус!", "Саша истеъфо!", аз шиорҳои эътирозгарон буд, ки барканории Лукашенко ва баргузории интихоботи навро талаб мекарданд.
Комиссияи марказии интихоботи Белорус мегӯяд, ки Александр Лукашенко дар интихоботи президентии рӯзи 9-уми август 80 дарсади раъйҳои мардумро ба даст овардааст, вале мухолифон мегӯянд, ки Светлана Тихановская барандаи интихобот аст. То кунун ҳазорон нафар дар Белорус боздошт шудаанд ва тибқи гузоришҳо, дастгиршудаҳо шиканҷа шудаанд.
Иттиҳоди Аврупо бархе аз мақомҳои Белорусро ба хотири тақаллуб ва саркӯби эътирозгарон таҳрим кардааст. Амрико ҳам гуфтааст, ки мақомоти Белорусро бинобар даст доштан дар тақаллубҳои интихоботӣ ва хушунатҳо алайҳи эътирозгарон мавриди таҳрим қарор хоҳад дод.
Лукашенко, ки аз 26 сол ба ин тараф дар Белорус ҳукмронӣ мекунад, тақаллуб дар интихоботи президентии моҳи августро радд мекунад.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва аз муттаҳидони асосии Лукашенко ваъда додааст, ки барои "назорати вазъ", нерӯҳои низомӣ ва амниятӣ ба ин кишвар мефиристад ва аз кишварҳои ғарбӣ хостааст, ки дар умури дохилии Белорус мудохила накунанд. Қарор аст Лукашенко ба зудӣ ба Маскав сафаре дошта бошад.