Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом даста қаҳрамони футболи Тоҷикистон-2020 мешавад -  “Хатлон” ё “Зебонисо”?


Дастаҳои занонаи футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои занонаи футболи Тоҷикистон.

Бозиҳои даври ҳабдаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки 6-уми сентябр баргузор шуданд, бо пирӯзии пешсафони ҷадвал хотима ёфтанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Хатлон» -и Бохтар дар меҳмонӣ “Барқ”-и Норакро бо ҳисоби 10:0 мағлуб кард. «Зебонисо»-и Душанбе бар дастаи мизбон - «Бешкент»-и Носири Хусрав бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ дар сафар бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 7:1 пирӯз шуд.

Дар бозии дигари даври гузашта “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ “Чашма”-и Шаҳритусро бо ҳисоби бузурги 16:0 шикаст дод. Бозӣ миёни дастаҳои «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Баъди натиҷагирии даври 17-ум дар ҷадвали мусобиқа “Хатлон”, ки 47 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи аввал мебошад. Зимнан, “Хатлон” ягона дастаест, ки бохт надорад. “Зебонисо” бо 46 имтиёз дар зинаи дувум ва “Зебо” бо 42 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки ба дарвозаи ҳарифонаш 78 тӯб задааст, дар ҷойи аввал мебошад.

То анҷоми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона як даври дигар мондааст. Бозиҳои даври охирин - ҳаждаҳуми мусобиқа рӯзи чоршанбе, 9-уми сентябр, баргузор мешаванд. Ғолиби мусобиқа дар бозии даври охирин дар Бохтар миёни дастаҳои «Хатлон» ва “Зебонисо” маълум хоҳад шуд.

Барои бори дувум пайиҳам ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтан ба “Хатлон” бозиии охиринро бо натиҷаи мусовӣ анҷом додан кофист, вале ба “Зебонисо” барои гирифтани медалҳои тилло танҳо ғалаба зарур аст.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона. Даври 17-ум

«Барқ» – «Хатлон» – 0:10

«Равшан» – «Зебо» – 1:7

«Регар-ТадАЗ» – «Чашма» – 16:0

«Панҷшер» – «Ҳосилот» – 1:1

«Бешкент» – «Зебонисо» – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

17

15

2

0

133-5

47

2

«Зебонисо» (Душанбе)

17

15

1

1

168-3

46

3

«Зебо» (Дӯстӣ)

17

13

3

1

124-11

42

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

17

11

1

5

93-19

34

5

«Бешкент» (Носири Хусрав)

17

8

2

7

61-27

26

6

«Равшан» (Кӯлоб)

17

4

0

13

9-83

12

7

«Ҳосилот» (Фархор)

17

3

3

11

9-111

12

8

«Барқ» (Норак)

17

3

2

12

7-106

11

9

«Чашма» (Шаҳритус)

17

3

0

14

10-151

9

10

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

17

1

4

12

17-121

7

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 78 тӯб, Мадина Фозилова («Зебо»/«Зебонисо») – 58 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 44 тӯб, Шукронаи Ҷумъахон («Зебо»/«Зебонисо») – 32 тӯб, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 30 тӯб, Ҷонона Ҳалимова («Регар-ТадАЗ») – 24 тӯб, Некубахт Худододова («Зебонисо»), Зулайхо Сафарова, Наргиза Бобоева (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ») – 23 тӯб.

Даври 18-ум

9-уми сентябр (чоршанбе)

«Хатлон» – «Зебонисо»

«Ҳосилот» – «Бешкент»

«Чашма» – «Панҷшер»

«Зебо» – «Регар-ТадАЗ»

«Барк» – «Равшан»

XS
SM
MD
LG