Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раванди раҳоии зиндониёни Толибон ва ҳукумат такмил шуд. "Ҳафт зиндонӣ дар Қатар мемонанд"


Раҳоии зиндониёни Толибон аз зиндони Пули Чархӣ. Августи 2020.
Раҳоии зиндониёни Толибон аз зиндони Пули Чархӣ. Августи 2020.

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, тибқи феҳристи пешниҳодкардаи Толибон, ҳамаи зиндониёни ин гурӯҳ озод шудаанд. Ба ин тартиб, пас аз баҳсҳои чандмоҳа, раванди озодии зиндониён миёни ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон такмил шудааст.

Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар дар "Твиттер" навиштааст, Толибон ҳамаи нерӯҳои вижаи афғонро, ки дар назди ин гурӯҳ буданд, озод карданд.

Файсал навиштааст, ҳукумати Афғонистон низ ҳамаи маҳбусони боқимондаро, ба истиснои зиндониёне, ки бархе аз кишварҳои ҷаҳон мухолифи озодии онҳо ҳастанд, раҳо кардааст.

Ӯ афзудааст, талошҳои дипломатӣ дар мавриди озодии зиндониёни дигари Толибон низ идома дорад ва ҳукумати Афғонистон умедвор аст, гуфтугӯҳои рӯ дар рӯ бетаъхир оғоз шаванд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Азизуллоҳ Динмуҳаммад, муовини раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, зиндониёне, ки Фаронса ва Австралия бо озодии онҳо мухолифат кардаанд, ба Қатар интиқол дода хоҳанд шуд.

Динмуҳаммад мегӯяд, "мавзӯи шуморе аз зиндониён, ба вижа 6 ё 7 зиндонӣ, ки Австралия ё Фаронса дар мавриди раҳоии онҳо эътироз кардаанд, онҳо ба Қатар фиристода мешаванд. Ин мавзуъ то ҳадде ҳал шудааст ва Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳам гуфта буд, бо Фаронса дар ин маврид ба созиш расидааст, аммо бо Австралия ҳанӯз ҳамдигарфаҳмӣ нашудааст."

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ дар ҳукумати Афғонистон, ки ба далели ҳассосияти мавзуъ нахост аз ӯ ном бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳафт зиндонии баҳсбарангези гурӯҳи Толибон", ки Фаронса ва Австралия бо раҳоии онҳо мухолифат нишон додаанд, ба Қатар фиристода мешаванд ва таҳти назорати Амрико хоҳанд буд."

Ин манбаъ афзуд, ин ҳафт кас дар сурати созиш миёни Афғонистон, Фаронса ва Австралия, дубора ба Афғонистон оварда шуда, раҳо мешаванд. Ин манбаъ ҷузъиёти бештарро дар ин маврид пешниҳод накард, аммо гуфт, дар мавриди чигунагии интиқол ва нигаҳдории ҳафт зиндонӣ дар Қатар баҳсҳо идома доранд.

Толибон дар мавриди такмили мубодилаи зиндониён то ҳанӯз ибрози назар накардаанд.

Аз сӯи дигар, як манбаи огоҳи ҳукуматӣ, мегӯяд, ҳайати музокиракунандаи ҳукумати Афғонистон рӯзи ҷумъа дар Қатар хоҳад буд ва бо тими гуфтугӯкунандаи Толибон нишасти шиносоӣ, низ хоҳад дошт.

Қарор аст, пас аз такмили раванди мубодилаи зиндониён, гуфтугӯҳо миёни афғонҳо оғоз шавад. Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо ҳайати музокиракунандаи ҳукумат ибрози умед кардааст, ки дар музокирот ҳарчи зудтар дар мавриди оташбас ва коҳиши хушунат тавофуқ шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG