Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳоким номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то 1994 раиси Шӯрои олӣ ва аз соли 1994 то кунун президенти Тоҷикистон аст
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то 1994 раиси Шӯрои олӣ ва аз соли 1994 то кунун президенти Тоҷикистон аст

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешниҳод кард. Қарор рӯзи 3-юми сентябр дар Душанбе гирифта шуд.

Бо маълум шудани номзади ҳизби ҳоким, бисёре аз коршиносон гуфтанд, “интрига”-и интихобот ба поён расид ва, инчунин, ба гумонзаниҳо дар бораи вориди корзори сиёсӣ шудани писари раиси ҷумҳур Рустами Эмомалӣ то ҷое нуқта гузошт.

Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар анҷуман беш аз ҳазор кас иштирок доштанд”, аммо намояндагони расонаҳои мустақил ба нишаст роҳ наёфтанд. Эмомалӣ Раҳмон низ дар анҷуман иштирок надошт.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, раиси ҷумҳур дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии Горди миллӣ иштирок кардааст.

Иштирокдорони анҷумани ҲХДТ гуфтанд, барномаи пешазинтихоботии номзади ин ҳизб асосан ба чаҳор ҳадафи стратегии ҳукумат тамаркуз дорад. Насиба Содиқӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, нуктаҳои асосии барномаи ҳизб дар интихоботи пеширӯ “давом додани сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва рушди Тоҷикистон аст.”

Содиқӣ ва чанд масъули дигари ин ҳизб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ваъдаҳои додаи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013 иҷро шудаанд. Аммо мунтақидонаш мегӯянд, мушкилҳои асосии кишвар ба мисли бекорӣ, фасод ва муҳоҷират ҳамчунон мондаанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1994 таъсис ёфта, дар оғоз номаш "Ҳизби халқӣ" буд. Соли 1998 президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари он интихоб ва номи ҳизб ҳам ба Ҳизби халқии демократӣ иваз карда шуд. Аз 4 миллион аҳолии қобили раъй дар Тоҷикистон, ним миллион, яъне беш аз 15 дарсад узвияти ҳизби ҳокимро доранд. Рақаме, ки ба иддаои мухолифон дар натиҷаи суистифода аз қудрат ба даст омадааст.

То баргузории анҷумани ҲХДТ, Иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ карданд. Бисёриҳо мегӯянд, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар ин интихобот натиҷаи он ҳам пешгӯишаванда шуд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, баъд аз соли 2016 ва қабули тағйирот ба Қонуни асосӣ “маълум буд, ки аллакай дар интихоботи оянда номзади асосӣ президент Эмомалӣ Раҳмон мешавад.”

Бар асоси тағйирот ба Конситутсия, ки соли 2016 қабул шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” аз ҳаққи бемаҳдуд пешниҳод кардани номзадиаш ба мақоми президентӣ бархӯрдор аст.

Ба таъкиди Парвиз Муллоҷонов, “шояд элитаи ҳукмрон дигар шахсиятҳо дошта бошад, вале шахсияте, ки номдор аст ва то ин дараҷа бонуфуз бошад, дар дохили сохтор нест. Ҳамаи фишангҳои калидӣ дар дохили ҳукумат дар дасти раиси ҷумҳур аст. Барои ҳамин маълум аст, ки дар дохили сохтор ягон рақиб надорад.”

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Президенти Тоҷикистон пешбарӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Ба ҷуз аз номи раиси ҷумҳури феълӣ инчунин чаҳор ҳизби дигар ҳам номзадҳои худро барои сабқат дар корзори интихоботӣ пешбарӣ кардаанд. Ҳизбҳои аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демократӣ ва сотсиалистӣ номзадии роҳбаронашонро ба мақоми президентӣ пешниҳод карданд. Ҳарчанд бархе коршиносон мегӯянд, номзадии ин шахсон танҳо барои пуррақобат нишон додани интихобот аст. Назаре, ки роҳбарони ин ҳизбҳо онро рад мекунанд.

Ягона ҳизби мухолифи кишвар Ҳизби сотсиал демократ эълон кард, ки интихоботи моҳи октябрро таҳрим ё бойкот мекунад ва барои ширкат дар он номзад пешбарӣ намекунад. Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ, интихоботи моҳи октябрро “ғайриқонунӣ, зиддиконститутсионӣ ва зиддимардумӣ” номидааст, аммо тарафдорони дигар ҳизбҳо онро рад мекунанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор мешавад. Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.

Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги дохилӣ, сохтмони роҳҳо, ба кор даровардани ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ва ҳалли мушкили бебарқиро аз муваффақиятҳои асосии раиси ҷумҳури кунунӣ мехонанд.

Аммо мунтақидони Эмомалӣ Раҳмонро, ки 28 сол боз Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, ӯро барои саркӯб кардани дигарандешӣ, муроот накардани ҳуқуқи инсон, маҳдуд кардани озодии баёну виҷдон ва ҳуқуқи дигари бунёдии инсон танқид мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG