Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Ёров аз фишори равонӣ мегӯянд, мақомот рад мекунанд. САДО


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Наздикони Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои шинохтаи тоҷик, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст, шикоят доранд, ки маъмурони зиндон маҳбусонро аз муошират бо ӯ манъ кардаанд. Аммо масъулони идораи зиндонҳо, ин шикоятро рад карда мегӯянд, касеро аз муошират бо Бузургмеҳр Ёров таҳрим накардаанд. Бузургмеҳр Ёров соли 2016 ба 28 соли зиндон маҳкум шуд, аммо бар асоси қонуни афв 6 сол аз ҳукми ӯро кам кардаанд.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба маҳбусон ҳушдор додаанд, ки бо бародараш суҳбат накунанд, дар акси ҳол ба ҷаримагоҳ фиристода мешаванд. Ба гуфтаи Ёров, чунин вазъ як ҳафта аст, ки идома дорад ва Бузургмеҳр се рӯз пеш дар ин бора ба наздиконаш хабар додааст.

"Бузургмеҳр диққат медиҳад, ки касе бо ӯ салом намедиҳад ва саломашро алейк намегирад. Вақти хӯрок ҳама ҷудо мешинанд. Ду-се маҳбус омада гуфтаанд, ки ако, мебахшӣ, агар ҳамроҳи худат суҳбат кунем, моро то 15 рӯз ШИЗО мебаранд. Бузургмеҳр гуфт, ки худам танҳо мондам, намозамро мехонам, китобхона рафта китоб мехонам, телевизион тамошо мекунам. Аз садоаш маълум буд ки руҳафтода буд,"- гуфт Ҷамшед Ёров.

Раҳбарони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия шикояти наздикони Бузургмеҳр Ёровро рад карданд.

Илҳом Маҳмудов
Илҳом Маҳмудов

Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари манъи муоширати маҳбусон бо Ёров "беасос аст."

"Инхел гапҳо нест ва ин гапҳои беасоси бардуруғ аст. Барои мо фарқе надорад, касе бошад, вай Бузургмеҳр Ёров ё шахси дигар, барои мо ҳамааш баробар аст,"- таъкид кард Илҳом Маҳмудов.

Аммо Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр гуфт, ба ҷуз аз бародараш дигар манбаъҳо ҳам тасдиқ кардаанд, ки маҳбусонро аз гуфтугӯ бо ӯ манъ кардаанд. Мустақилона тасдиқ кардани ин гуфтаҳо ғайримумкин аст, чун вуруд ба зиндонҳои Тоҷикистон иҷозат дода намешавад ва тамоси зиндониён бо рӯзноманигорон манъ аст.

Бародари Ёров афзуд, намедонад, ки чаро маҳбусонро аз суҳбат бо бародараш манъ кардаанд, вале онҳо тахмин мекунанд, ки сабаби ин кор шояд посухи радд додани Бузургмеҳр ба чанд дархости мақомот бошад. "Чанд маротиба таклифаш карданд, ки нисбати Кабирӣ ё наҳзат ягон чиз навис, аз Эмомалӣ Раҳмон бахшиш пурс ҷазота камтар мекунем. Вай розӣ нашуда буд,"- гуфт Ҷамшед Ёров.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00
Линки мустақим

Бузургмеҳр Ёровро моҳи октябри соли 2016 бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои "таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент" 5 соли дигар изофа кард.

Соли гузашта бар асоси Қонуни авф ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд. Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки ҳеч гуноҳ накардааст ва парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад ва фақат барои ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Ин ҳизбро соли 2015 дар Тоҷикистон созмони террористӣ эълон карда ва фаъолияташро мамнӯъ намуданд. Бузургмеҳр Ёров аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи раёсати ин ҳизб ҳимоят мекард.

Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро раҳо кунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG