Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот-2020. Рустам Латифзода номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон шуд


Рустам Латифзода, раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) Рустам Латифзода, раҳбари ин ҳизбро рӯзи 15-уми август номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод кард.

Дар анҷумани 8-уми ин ҳизб, ки ба хотири ширкат дар интихоботи президентӣ дар 11-уми октябр баргузор шуд, 120 вакил иштирок доштанд. Номзадии раиси ҳизбро ҷонишини ӯ Зайниддин Сафаров пешниҳод кард ва Латифзода бе рақиб аз тарафи вакилон номзад интихоб шуд.

Коршиносон пешниҳоди Рустам Латифзодаро намоишӣ медонанд ва бар ин боваранд, ки номзади ҲАТ "аз хати кашидаи ҳукумат" берун нахоҳад рафт.

Масъулони ҳизб мегӯянд, рақобаташон дар интихобот ҷиддӣ мебошад.

Латифзода таъмини амнияти давлатӣ, таҳкими марзҳо ва беҳбудии сатҳи зиндагии шаҳрвандонро аз мавзуҳои меҳварии худ ҳамун номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон унвон кард.

Масъулони Ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯянд, ҳизбашон дар кишвар беш аз 50 ҳазор узв дорад ва пас аз ҳизби ҳоким дар ҷойи дуюм қарор доранд. Коршиносон ба ин омор шубҳа доранд ва мегӯянд, ба ҷуз маъракаи интихобот дар Тоҷикистон дар ҳеҷ куҷо аз ин ҳизб амале дида намешавад.

Соли 2005, як сол қабл аз интихоботи президентӣ, ин ҳизб аз сӯйи муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ, марҳум Амир Қароқулов номнавис шуд, ки баъдан дар интихоботи соли 2006 рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд. Коршиносони тоҷик он замон ин ҳизбро “мухолифи кисагӣ” номида буданд, ки раҳбарони ҳизб ба ин комилан розӣ нестанд.

Бо ширкат дар интихоботи порлумонии соли 2010 ин ҳизб дар порлумон ду курсӣ ба даст овард. Дар интихоботи президентии соли 2013 номзади он аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят кард. Баъди ду сол, дар интихоботи порлумонии 2015 ҳизб 5 ҷойро дар порлумон дарёфт намуд ва бори аввал ҷиноҳи худро таъсис дод.

Дар интихоботи порлумонии соли 2020 7 узви ин ҳизб соҳиби ҷой дар порлумони Тоҷикистон шуданд.

Рустам Латифзода, раиси пешини ноҳияи Восеъ, пас аз даргузашти муассиси ҲАТ Амир Қароқулов дар соли 2014, роҳбарии ҳизбро ба даст гирифт.

Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи шашуми август қарор қабул кард, ки интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор шавад. Ин муҳлат як моҳ пеш аз замони интихоботҳои гузашта аст. Ҳар дафъа интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешуд.

Дар вокуниш ба ин, Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ гуфт, ки қарори Маҷлиси Олӣ дар бораи таъйини санаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, таъйини интихобот ба рӯзи 11-уми октябр, "яъне як моҳ қабл аз анҷоми муҳлати ваколати президент ғайриқонунӣ аст, чун ҳамаи қонунгузориҳои интихоботиро ақиб меандозад".

Аммо вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласи рӯзи 6-уми август гуфтаанд, ки ҳавои муносибтар дар моҳи октябр ва пешгирӣ аз хатари сирояти коронавируси нав, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, аз сабабҳои пеш аз анҷоми ваколатҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъйин кардани санаи интихобот аст.

Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.

Президенти Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва як нафар ҳақ надорад беш аз ду дафъа номзадияшро бигузорад. Аммо дар давоми наздик ба 28 соли роҳбарии президент Раҳмон чанд дафъа қонуни интихобот тағйир кард ва ба ӯ имкон дод, ки бе маҳдудият дар интихоботҳо номзад шавад.

Мақомоти Тоҷикистон ва нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил он замон интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ карданд.

Аммо нозирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамвора гуфтаанд, ки ҳеч яке аз интихоботҳо дар Тоҷикистон шаффофу одилона ва тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нагузаштааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG