Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳс сари интихобот ва президенти ояндаи Тоҷикистон дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Лаҳзае аз сабти барномаи "Озодӣ Онлайн"
Лаҳзае аз сабти барномаи "Озодӣ Онлайн"

Имрӯз дар бораи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон гап мезанем, ки қарор аст, рӯзи 11-уми октябр баргузор шавад.

Баъд аз эълони рӯзи интихобот дар Маҷлиси Олӣ дар ҳафтаи гузашта, баҳсу гуфтугӯҳо дигарбора авҷ гирифт, ки раиси ҷумҳури оянда кӣ мешавад. Баҳси зиёде дар ин бора дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаи мо дар Инстаграм идома дорад, ки нигоҳе ба он ҳама меандозем.

Ҳарчанд ҳоло касе нагуфтааст, ки дар интихобот ширкат мекунад, баҳс сари номи раиси ҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмон идома дорад, ки ӯро яке аз номзадҳои аслӣ медонанд. Дар баробари онҳое, ки гуфтаанд, мехоҳанд, Эмомалӣ Раҳмон дар мақомаш бимонад, теъдоди онҳое ҳам кам нест, ки гуфтаанд, бояд раҳбари ояндаи Тоҷикистон каси дигар шавад.

Шарҳи корбареро аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем, ки номашро нагуфтааст: "Ман мехоҳам, дигар кас президент шавад, ки пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, ташкили ҷойи кор бо маоши муносиб, кам шудани шиддати муҳоҷират, паст кардани сатҳи камбизоатиро дар ҷойи аввал монад. Маҳалгароиву тағобозиро аз байн барад." Мушкилоте, ки ба гуфтаи бисёриҳо ҳоло дар ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон зиёд дида мешавад.

Корбари дигаре, ки худро “Шаҳрванд” муаррифӣ кардааст, менависад, афроди зиёде лоиқе ҳастанд, ки метавонанд, Тоҷикистонро раҳбарӣ кунанд, вале метарсанд. Шарҳаш чунин аст: "Ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки беҳтар аст, як одами меҳрубон ва бовиҷдон президент шавад, то ба мардум фишор наорад ва демократияи ҳақиқӣ бошад. Бовар дорам, Тоҷикистон обод мешавад, чунки бисёр ҳастанд одамоне, ки ватанро обод мекунанд. Аммо метарсанд, ки молашонро давлат нагирад."

Вале теъдоди онҳое, ки мехостаанд, Эмомалӣ Раҳмон барои 7 соли дигар президенти Тоҷикистон бимонад, зиёд аст ва шарҳи яке аз онҳоро бо номи Ҳокимшоҳ Давлатов мехонем, ки дар саҳифаи мо дар Инстаграм гузоштааст: "Муҳтарам ҷаноби олӣ дар солҳои ҷангу бесарусомонӣ хизматҳои беҳтарин кардааст, бояд то охири умраш дар болои сари мардуми тоҷик бимонад."

Барномаро дар ин ҷо бинед:

Баҳс сари президенти ояндаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Як корбари дигар, ки худро "Озодӣ" муаррифӣ кардааст, мегӯяд, аз тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон аст, вале айни замон мехоҳад, касе раиси ҷумҳур шавад, ки роҳҳои беҳтар кардани вазъи иқтисоди Тоҷикистонро донад.

Ӯ навиштааст: "Ман тарафдори раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳастам, асосгузори сулҳу ваҳдат, лекин мо бояд инсонеро интихоб кунем, ки пеш аз ҳама иқтисоди Тоҷикистонро боло барад."

Корбари дигаре гуфтааст, ки шак надорад, Эмомалӣ Раҳмон дигарбора дар мақомаш мемонад, зеро дар Тоҷикистон интихобот шаффофу одилона сурат намегирад. Ӯ, ки нахостааст, номаш ошкор шавад чунин менависад:

"Чӣ даркор вақту пули миллатро беҳуда сарф кардан. Охир, тамоми ҷондори рӯйи замин медонад дар Тоҷикистон ҳеч вақт интихобот намешавад. Мо киро фиреб мекунем? Кӣ президент мешавад ва чӣ қадар бояд овоз гирад, пешакӣ ҳамааш таҳия шудааст."

Шарҳи дигаре, ки мехонем, зоҳиран аз ягон муҳоҷири корӣ аст, ки дар Русия садҳо ҳазор ҳамтақдир аз Тоҷикистон дорад. Ӯ чунин менависад: "Мехоҳем шахсе интихоб шавад, ки мардуми Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ халос шаванд ва дар ватани худамон зиндагӣ ва кор кунанд."

Барномаро дар Ютуб бинед:

Хушҳол мешавем, агар Шумо ҳам назару андешаҳои худро бифристед ва ё хабару видеову аксҳои худро. Вайберу Вотсап ва Телеграму Имо дорем. То дидор дар барномаи дигар.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG