Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибон: беморон бештар мешаванд. Вазорат: "мавҷи дувум" ба кишвар нарасидааст


Мошиши "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Хуҷанд.
Мошиши "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Хуҷанд.

Мақомоти вилояти Суғд дар як моҳи ахир дастикам ду дафъа ба бештар шудани гирифторони коронавирус ишора карданд, аммо 11-уми август ҳозир нашуданд, ки рақами умумии беморонро дар минтақа ба забон оранд.

Ҳоҷибоев рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар бемористонҳои вилоят 26 нафар дар "карантин" ҳастанд, вале шумораи беморони СOVID-19-ро ошкор накард. Ӯ гуфт, танҳо Вазорати тандурустӣ ҳақ дорад, онро бигӯяд.

Дар маркази вилояти Суғд ду шифохонаро ба қабул ва табобати беморони COVID-19 омода кардаанд. Рӯзи 11-уми август кормандони одии бемористони вилоятии Суғд ва бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки дар рӯзҳои ахир "гумонбарон ба COVID-19-ро зиёдтар бистарӣ мекунанд". Як корманди ташхисгоҳи бемористони вилоятӣ бе зикри номаш гуфт, "дар рӯзҳои охир 8-10 чунин беморро барои табобат меоранд."

Рӯзи сешанбе дар назди бемористони вилоятӣ ва шифохонаи касалиҳои сироятӣ тақрибан 20 нафар дида мешуданд. Онҳо гуфтанд, ки ба наздикони бемори худ хӯрок ва чизҳои дигари зарурӣ овардаанд.

Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби беморхонаи касалиҳои сироятии Хуҷанд ва Баҳодур Муъминов, сардухтури беморхонаи вилоятии Суғд афзоиши беморони COVID-19-ро рад карданд. Муъминов мегӯяд, "ин гапҳо асос надорад, агар иттилоъ хоҳед, ба раёсати тандурустӣ муроҷиат кунед."

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳар рӯз дар бораи тасдиқи бемории беш аз чиҳил нафар дар ҷумҳурӣ гузориш медиҳад, вале ошкор намекунад, ки омори беморон дар минтақаҳо чӣ гуна аст.

"Sputnik-Тоҷикистон" хабар дод, ки танҳо дар ноҳияи Деваштич 17 нафарро бистарӣ кардаанд. Як сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич 11-уми август гуфт, гирифтории чаҳор нафар аз ҳамдеҳагонаш ба вируси COVID-19 тасдиқ шудааст. "Дигаронро ба хонаҳояшон рухсат додаанд". Вай афзуд: "Дар даромадгоҳи деҳа посгоҳ гузоштаанд ва ба таври шабонарӯзӣ рафтуои мардумро назорат мекунанд. Чанд кас навбат истода, нақлиёту сокинонро "дезинфексия" мекунанд. Мардум дар изтиробанд, ду мошини ёрии тиббӣ дар деҳа мегардад."

Дар даромадгоҳи Исфараву Бобоҷон Ғафуров, Ашту Ҷаббор Расулов низ посгоҳ гузоштаанд. Қаблан дар ситоди вилоятӣ аз густариши беморони илтиҳоби шуш дар ноҳияи Ашт гузориш шуда буд, аммо як табиби ин маҳал гуфт, шумораи беморон аз 6-7 нафар боло нарафтааст.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон расидани, ба истилоҳ "мавҷи дувум"-и бемориро ба кишвар рад карданд, аммо бештар шудани беморон ё гумонбарони бемориро аз эҳтимол дур намедонанд.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи вазорат рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "имрӯз дар кӯчаҳои Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои дигар мардум гигиенаи шахсӣ ва пӯшидани ниқоби тиббиро риоя намекунанд. Кишварҳои ҳамсоя "мавҷи дувум"-ро паси сар карданд, вале Вазорати тандурустӣ тасдиқ намекунад, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон "мавҷи дувум" шуруъ шуда бошад. Бемористонҳое, ки қаблан гирифторони коронавирус дар онҷо табобат мегирифтанд, ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштаанд. Дар кори онҳо тағйироте пеш наомадааст."

Масъулони Раёсати тандурустии Кӯлоб рӯзи 12-уми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар минтақа вуҷуд дорад, аммо на ба андозаи як-ду моҳи қабл. Ба гуфтаи як масъули ин ниҳод, ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ бештар дар шаҳри Кӯлоб бештар сабт мешаванд, чун қоидаҳои беҳдоштӣ онҷо камтар риоя мешавад.

Дар ҳамин ҳол, як масъули Ситоди мубориза бо COVID-19 дар Хатлон вазъи вобаста ба пандемияи фарогир дар ин вилоятро "хуб" гуфт. Вай дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, "хайр, рӯзона як то ду то гирифторӣ аст", аммо аз шарҳи бештар худдорӣ кард.

Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, то ҳол бештар аз 7870 нафар ба СOVID-19 гирифтор шуда, 63 нафар фавтидаанд ва 6653 нафар ё 84,5 дарсади беморон шифо ёфтаанд, ҳарчанд шубҳа доир ба омори расмӣ зиёд аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG