Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенкоро баранда эълон карданд. Рақибаш мегӯяд, натиҷаҳоро намепазирад. ВИДЕО


Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко
Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко

Кумисюни марказии интихоботи Беларус эълон кард, ки дар интихоботи президентии рӯзи 9-уми август раиси ҷумҳури феълӣ, Александр Лукашенко, бо беш аз 80 дарсади ройи мардум баранда шудааст.

Лидия Ермошина, раиси Кумисюни марказии интихобот гуфт, рақиби аслии Лукашенко, Светлана Тихановская, 9,9 дарсад ва се номзади дигар камтар аз 2 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.

Александр Лукашенко аз соли 1994 ба ин сӯ ҷилави қудратро дар Беларус ба уҳда дорад
Александр Лукашенко аз соли 1994 ба ин сӯ ҷилави қудратро дар Беларус ба уҳда дорад

Чанде аз раҳбарони кишварҳо Лукашенкоро ба пирӯзӣ табрик карданд, вале Тихановская рӯзи 10-уми август гуфт, натиҷаҳои интихоботро намепазирад ва худро пирӯзи ин маъракаи сиёсӣ мешуморад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаи санадҳои шумориши рой аз қитъаҳои овоздиҳиро нашр мекунанд. Ин санадҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки Тихановская дар чанд қитъа овози бештар касб кардааст.

Худи Тихановская гуфт, "назари ман ин аст, ки мо аллакай пирӯз шудем, чунки мо бар тарси худ ғалаба кардем, мо ба бетарафии сиёсии худ, ба бефарқию беҳиссии худ ғолиб омадем. Медонед, ин ғалабаҳо аз дигар музаффариятҳо баландтар аст. Ин ғалабаҳои бисёр муҳим дар зиндагии ҳар инсон мебошад."

Мақомоти Беларус Александр Лукашенкоро номзади пирӯз дар интихоботи президентӣ номиданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Натиҷаҳои экзитпол ё назарсанҷии расмӣ низ Лукашенкоро баранда эълон карданд, вале назарсанҷиҳои ғайрирасмӣ ба фоидаи Светлана Тиханвоская анҷом шудаанд.

Шаби 9-уми август ҳазорон нафари норозӣ аз ҷараёни интихобот ба кӯчаҳои Минск ва шаҳрҳои дигари Беларус баромаданд. Полис барои пахши эътирозҳои мардуми норозӣ аз натиҷаҳои овоздиҳӣ аз норинҷакҳои ғулғулаафкан, тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода кард.

Бино ба хабарҳо, дастикам як эътирозгар дар Минск кушта шудааст. Ба иттилои маркази ҳомии ҳуқуқи "Весна", марди ҷавон баъд аз бархӯрди мошини полис даргузашт.

Дар ҳоле ки ин созмон масъулияти марги эътирозгарро ба дӯши Вазорати корҳои дохилӣ гузошт, сухангӯи вазорат Волҳа Чамаданова гуфт, ҳеч талафот сабт нашудааст. Айни замон, Кумитаи тафтишоти Беларус хабар дод, ки аз рӯи моддаи “беназмиҳои оммавӣ” ва “ҳамла ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” парванда кушодааст.

Созмони “Весна” дар бораи боздошти 130 нозири мустақил, журналистон ва эътирозгарон дар Минск ва беш аз 100 нафари дигар дар шаҳрҳои мухталифи кишвар хабар дод.

Мария Калесникова, як ёвари Тихановская дар сӯҳбати телефонӣ ба телевизиони “Настоящее время” гуфт, Тихановская ҳам нирӯҳои амниятӣ ва ҳам шаҳрвандони Беларусро ба хештандорӣ даъват кард.

Рӯзи 10-уми август дар шаҳри Минск ҳаракати нақлиёти мусофирбар маҳдуд шуд. Рӯзи 9-уми август дар саросари кишвар ба Интернет дастрасӣ набуд ва журналистон гуфтанд, ки дар бозтоби интихобот мушкил доштанд.

Лукашенко, ки дар интихоботи президентӣ инак бори шашум иштирок кард, қаблан гуфт, ки намегузорад дар кишвар “бебандуборӣ” шавад. Вай аз соли 1994 ҷилави қудратро дар ин кишвар ба даст дорад.

Президенти Русия Владимир Путин Лукашенкоро бо пирӯзӣ табрик кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ рӯзи 10-уми август дар номае ӯро барои интихоби дигарборааш шодбош гуфт. Аммо коршиносон мегӯянд, ҳаводиси баъди интихобот маълум хоҳад кард, ки тағйироте дар низоми Беларус сурат хоҳад гирифт, ё не.

XS
SM
MD
LG