Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Амрико аз тасмими Луя Ҷирга барои озодии зиндониёни баҳсбарангези Толибон


Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон аз тасмими Луя Ҷирга ё иҷтимои бузурги сарони қабоил ва шахсиятҳои таъсиргузори он кишвар, барои озодии 400 зиндонии гурӯҳи Толибон аз маҳбасҳои ҳукумат истиқбол кард ва гуфт, интизор дорад дар чанд рӯзи оянда музокироти сулҳ дар Давҳаи Қатар оғоз шавад.

Ӯ шоми якшанбеи 9-уми август дар паёми твиттерӣ навишт, озодии ин гурӯҳ аз зиндониён фурсати хубе барои поёни ҷанги 40-солаи Афғонистон ва расидан ба сулҳи доимӣ аст. Оқои Халилзод таъкид кардааст, ки ҳукумати Амрико дар идомаи ҳимоятҳои ду даҳаи гузаштааш аз раванди сулҳ дар Афғонистон, кӯмакҳояш ба ин кишварро идома медиҳад.

Луя Ҷирга рӯзи шанбеи 8-уми август тавофуқ кард, ки 400 зиндонии Толибон, ки ба гуноҳҳои сангин муттаҳам ҳастанд, озод шаванд. Аъзои Луя Ҷирга дар қатъномае, ки дар рӯзи ахири он содир шуд, ба раҳоии ин теъдод аз Толибон мувофиқат кардаанд ва таъкид намуданд, ки ин тасмим дар ростои оғоз шудани музокироти сулҳ гирифта шудааст. Президент Ашраф Ғанӣ ҳам рӯзи гузашта гуфт, ки ҳукми озодии 400 зиндонии Толибонро имзо мекунад.

Ба гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, бар иловаи Амрико, кишварҳои Олмон ва Покистон низ аз ин машвараи Луя Ҷирга ҳимоят кардаанд. Намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои сулҳи Афғонистон низ ибрози умедворӣ кардааст, ки ин тасмим боиси оғози музокирот ва сабаби барқарории оташбас дар ҳамаи Афғонистон шавад.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар гуфтааст, иқдоми Луя Ҷирга хуб будааст ва "агар бақияи зиндониёни мо озод шаванд, зарфи як ҳафта ҳозирем музокироти байнулафғониро бо ҳамаи тарафҳои афғонӣ оғоз кунем".

Ин гуфтаҳо ба вокунишҳои мақомҳои ҳукумати Афғонистон рӯбарӯ шудааст. Интизор Ходим, яке аз масъулони Шӯрои амнияти миллии Афғонистон дар ин замина ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки озодии ин гурӯҳ аз зиндониён "гузашти беҳ аз ҳадд ва таърихӣ" буда, сухангӯи Толибон набояд сабаби афзоиши нобоварӣ шавад.

Ҳукумати Афғонистон ҳайати музокиротиро ба раёсати Муҳаммад Маъсум Станакзай ташкил додааст ва мегӯяд, барои оғози гуфтугӯҳо омодагии комил дорад.

XS
SM
MD
LG